Хабарҳо

Мушкилот ва дурнамои забони шабакаҳои иҷтимоӣ
Санаи 4-уми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ зери унвони “Масъалаҳои мубрами забони шабакаҳои иҷтимоӣ: Мушкилот ва дурнамо” доир гардид.
Конфаронсро муовини ректори донишгоҳ оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов ифтитоҳ намуда, перомуни ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар сатҳи давлативу сохторҳои иҷтимоӣ ва саҳми беназири Пешвои миллат дар дигарбора минбарнишин шудани он, ҳамчунин талошу такопӯҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пуштибониву посдорӣ ва покиза нигоҳ доштани забон сухан намуд.
Меҳмонии фахрии ҳамоиш - доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устод Шаҳбоз Кабиров роҷеъ ба масъалаҳои дигаргуниҳои имлоӣ ва алифбои забони тоҷикӣ дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ изҳори назар карда, дар бораи чор давраи ҳассоси ба мушкилоту тағйирот дучор омадани хату забони тоҷикӣ муфассал суҳбат намуд.
Мавсуф зикр намуд, ки дар даврони истиқлол бо талошу ибтикороти Президенти мамлакат беш аз 20 ҳуҷҷати меъёриву ҳуқуқӣ қабул карда шуданд, ки ҳамаи онҳо баҳри поку беолоиш ва равону суфтагии забони тоҷик нигаронида шудаанд.
Устод Шаҳбоз Кабиров аз заҳматҳои Пешвои миллат ҷиҳати гиромидошти забони модарӣ ёдовар шуда, дар хитоб ба ҳозирин таъкид намуд. ки забон сиёсат аст, сиёсати давлатдорӣ. Меъёри меҳварии давлатдорӣ бошад, забон аст. Аз ин рӯ, давлете, ки арҷ ба забон надорад, ногузир фано мешавад. Эҳтиром ба забон бошад, бақои давлату миллат аст ва ҳар касе сари ин масъала беэътиноӣ мекунад, ӯ бе шакк хиёнат ба давлату миллат кардааст. Бинобар ин, агар ҳар кадоми мо тавонем дар рушду такомул ва покизагии забони тоҷикӣ саҳм гузорем, агар не, бигзор, ба боғи пурсамару шаҳдбори забони тоҷикӣ санг наандозем.
Дар идома меҳмони дигари конфаронс - доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва одоби муоширати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Гулрухсор Абдуллоева дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами забони шабакаҳои иҷтимоӣ” маъруза намуд.
Мавсуф аз олудагиву дағалии лаҳни гуфтори истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ интиқод намуда, афзуд, ки онҳо бар замми ин бемасъулиятияшон ҳамчун соҳибони забон, инчунин, бо шеваи номафҳум ва жаргону табуҳои ғайре суҳбат менамоянд, ки на танҳо соф кӯчагиянд, балки ба соҳибони ҳамон забони муоширатияшон низ бегонаанд. Ин аз надонистани ҳам забони худ ва ҳам забони бегона дарак медиҳад.
Зимни музокира муовини ректори донишгоҳ Қутбиддин Муқумов изҳор дошт, ки қаҳрамони воқеии замон бе истирдод ҳамин забони мост, ки тавассути ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат аз минбарҳои байналмилалӣ садо медиҳаду воситаи пойдории давлату миллати сарафрози мо гардидааст.
Баъдан, устодони донишгоҳ номзади илми ҳуқуқшиносӣ Саидалӣ Ҳаитов ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ Нигина Сироҷова ба музокира баромада, оид ба мақому мартаба ва қадри сухану сухандонӣ, инчунин, мавқеи эътирофшудаи забони тоҷикӣ суҳбат намуданд.
Дар фароварди конфаронс мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Манзура Ҳасанова, ки дар ҳамбастагӣ бо раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ аз ташаббускорони ҳамоиши мазкур ҳастанд, ба ширкаткунандагон ва меҳмонони конфаронс изҳори сипос намуда, изҳор дошт, ки идомаи конфаронс, ки оғози як ҳамоиши густурда аст, дар кафедра сурат хоҳад гирифт ва маърузаҳои баромадкунандагон он ҷо музокира мешаванд.
М. Очилдиев