Хабарҳо

ТАНЗИМИ БЕХАТАРИИ НИЗОМИ БОНКӢ
Дар доираи нақшаи доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо, 11-уми октябри соли равон дар кафедраи фаъолияти бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мизи мудаввари донишгоҳӣ дар мавзуи «Танзими бехатарии низоми бонкӣ дар шароити иқтисодиёти тағйирёбанда» доир гардид.
Дар он сармутахассиси Департаменти сиёсати монетарӣ, тадқиқотӣ ва рушди Бонки миллии Тоҷикистон Бахтиёр Бозоров ва сардори шуъбаи назорати асъори БМТ Ғуфрон Усмонов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахуст, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Осим Фарайдунов қайд намуд, ки мизи мудаввар дар доираи нақшаи машваратҳои илмии донишгоҳ баргузор мегардад. Мавзуи мизи мудаввар муҳим буда, паҳлуҳои рӯзмараи муаммоҳои низоми бонкиро дар шароити танзими бехатарии низоми бонкӣ дар шароити иқтисодиёти тағйирёбанда дар бар мегирад.
Намояндагони БМТ дар бораи сиёсати пулию қарзӣ ё худ монетарӣ, ки яке аз бахшҳои асосии сиёсати макроиқтисодии давлат мебошад, изҳори ақида намуданд.
Имрӯз аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии зинаи дуюми низоми бонкии кишвар тамоми чораҳоро андешида шуда истодааст, аз қабили қарзи рӯзона бе фоиз пешниҳод менамояд, ин аз он гувоҳ медиҳад, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар иҷрои уҳдадориҳои ташкилотҳои қарзӣ кумак мерасонад.
Дар фарҷом аз ҷониби устодон И. Аҳадов, Ҷ. Зубайдов ва А. Мирсаидзода муҳокима сурат гирифт.
Тағоймурод Эшзода