Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РАВОНИ ИНСОН

ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА ТАЪСИРИ ОН БА РАВОНИ ИНСОН

Таҳти ин унвон 13-уми октябр дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова, намояндагони раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ, декани факултет, муовинон, мудирони кафедраҳо, сарпарастони гурўҳҳои академӣ ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов ба донишҷӯён дар бораи зарар ва хатар доштани баъзе сомонаҳо бо ҳолати воқеии истифодабарандагон сухан ронда, гуфт, ки ҷавонони имрӯза бояд истифодаи аз ҳар гуна сомонаҳое, ки ба гурўњњои экстремистию террористӣ ва мамнуъ худдорӣ намоянд.

Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова доир ба дуруст истифода кардани ҷаҳони технологияҳои муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори ақида намуда, зикр кард, ки терроризм ва экстремизм яке аз муаммоҳои имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, масъалаи доғи рӯз дар ибтидои асри ХХI ба њисоб меравад. Баъзе аз давлатҳои ҷаҳон бо хатари ҷиддие, ки бо муқаддасоти инсонияту олам таҳдид менамояд, рӯ ба рӯ гашта, аз оромӣ ва субот маҳрум гардидаанд. Терроризм ва экстремизм яке аз муаммоњои асосии имрӯза буда, махсусан ҷавононро бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғи динию дунявӣ ба гурўњњои номатлуб ҷалб намуда, онҳоро ба ҷараёнҳои террористӣ сафарбар менамоянд.

Баъдан, ассистенти кафедраи низоми иттилоотӣ-инноватсионӣ дар иқтисодиёт Мирзошои Неъматулло бо истифода аз далелҳо ва слайдҳо баромади пурмуҳтаво намуда, қайд кард, ки аз нигоҳи психологӣ, истифодаи аз ҳад зиёди шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад боиси паст шудани худбоварӣ, изтироб, депрессия ва вобастагии равонӣ гардад. Аз ин рӯ, тавозун дар истифода ва худогоҳии рақамӣ бисёр муҳим аст ва шабакаҳои иҷтимоӣ як василаи пурқуввати муошират ва мубодилаи иттилоотанд, аммо истифодаи нодуруст ва аз ҳад зиёд метавонад ба ҳолати психологии инсон зарар расонад. Барои пешгирӣ аз таъсироти манфӣ, бояд фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ташаккул дода шавад. Назорат, худогоҳӣ ва мувозинат калидҳои солим нигоҳ доштани рӯҳу равон дар замони рақамӣ мебошанд.

Дар охир муовини декан оид ба таълим Ҳумайни Носиров дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқии танзими шабакаҳои иҷтимоӣ» баромад намуда, афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чанд соли охир тадриҷан ба масъалаи танзими ҳуқуқии интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аҳамияти бештар медиҳанд. Бо назардошти нақши бузурги шабакаҳои иҷтимоӣ дар ҷомеа, зарурати танзими ҳуқуқии онҳо як амри ногузир аст. Ҳамзамон, дар ин раванд, бояд ҳуқуқҳои инсон, озодии баён ва дастрасӣ ба иттилоот риоя карда шаванд.

Дар ҳақиқат, танзими одилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад ҷомеаро аз хатарҳои иттилоотӣ муҳофизат намояд ва фарҳанги истифодаи дурусти шабакаҳоро ташвиқ кунад.

 

Тағоймурод Эшзода