Хабарҳо

“Биёед, китоб хонем ва забон омӯзем!”
Таҳти ҳамин шиор шоми 14 октябр бо супориши ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор вохӯрии аъзои раёсати донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров ва ширкати сардорони раёсату шуъбаҳои илм ва инноватсия, ҳамкориҳои байналмилалӣ, иттилоот ва нашрия, омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, сармуҳаррири рӯзномаи донишгоҳии “Молия ва иқтисод” ва директори Китобхонаи илмии донишгоҳ дар хобгоҳҳои №1 ва №2 бо донишҷӯён вохӯрӣ доир гардид.
Ин вохӯрӣ бо усули ҳуҷра ба ҳуҷра сурат гирифта, ҳадаф аз он санҷиши ҳолати дарсазхудкунии донишҷӯён, тарғиби китобхонӣ, ширкат дар озмунҳову маҳфилҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриву байналмилалӣ, тарзи истифодаи дурусту баманфиат аз телефонҳои мобилӣ, азхудкунии забонҳои хориҷӣ, мубодилаи донишҷӯён ба муассисаҳои олии таълимии хориљи кишвар, ҳамчунин риояи қоидаҳои муқаррарии дохилихобгоҳӣ, реҷаи тартиби шабонарӯзӣ ва риояи ҳолатҳои санитариву гигиенӣ мебошад.
Зимни суҳбати ошкору самимӣ бо донишҷӯён муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов дар баробари он ки муҳассилини муқими хобгоҳро аз шароити хуби истироҳативу маишияшон ва таъмин буданашон бо оби гарму хунук, таҷҳизоти муосири шустушӯиву пухтупазӣ ситоиш намуд, ҳамчунин таъкид кард, ки бо дарназардошти вазъи мусоиди ҳолати истиқоматӣ донишҷӯён низ муваззафанд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумату раёсати донишгоҳ дар хондану аз худ кардани дарсҳо ва омӯзиши забонҳо фаъол бошанд, барои ширкат дар маҳфилу озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ саъю талош варзанд, ҳамкориро бо рӯзномаи донишгоҳии “Молия ва иқтисод” ба роҳ монда, мақолаҳои илмиву амалӣ ва адабиву эҷодӣ пешниҳод намоянд, он гаҳ неруи зеҳнияшон вусъат пайдо мекунад. Дар баробари ин, бо китоб дӯст шаванд, аз китобхонаи илмии донишгоҳ, ки дорои иқтидори пурғановати адабиёти илмиву адабӣ буда, муҳити орому шароити мусоид барои мутолиа дорад, васеъ истифода баранд. Зеро танҳо дар рӯйи кати хобгоҳ фориғболона дароз кашида, ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ умед бастан, мурод ҳосил намешавад.
Дар навбати худ, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Парвиз Ғафуров бошандагони хобгоҳро ба омӯхтану азхуд намудани забонҳои хориҷӣ таҳрик дода, аз таҷрибаи кории худ зимни сафарҳояш ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қазоқистон мисолҳои мушаххас овард, ки чӣ гуна дар ин кишварҳо бо вуҷуди пеш рафтани технологияи муосир, донишҷӯён аз китоб ва воситаҳои аёнӣ самаранок истифода мебаранд. Устоди донишгоҳ дар баробари ин ки донишҷӯёнро ба талош намуданашон ҷиҳати азхуд намудани забонҳои хориҷӣ раҳнамун сохт, ҳамчунин талқин намуд, ки фақат бо талошу такопӯ дар роҳи забономӯзӣ имкон пайдо мекунанд, ки дар мубодилаи донишҷӯён ба муассисаҳои олии таълимии хориљи кишвар роҳ ёбанд.
Мавсуф, ҳамчунин мужда расонд, ки дар баробари курсҳои омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, ки ҳоло дар донишгоҳ амал мекунанд, инчунин, аз охирҳои моҳи ноябр курси омӯзиши забони хитоӣ ба роҳ монда мешавад, ки комилан ройгон буда, ба толибилмон мутахассисон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин сабақ меомўзонанд. “Хоҳишмандон аз ҳоло метавонанд худро ба ин маҳфил номнавис намоянд. Омӯзиши чунин курсҳо, бешак, роҳи шуморо ба дунёи дигари илму дониш, ки беҳудуд аст, бамаротиб ҳамвортар менамояд”, - таъкид дошт Парвиз Ғафуров.
Баъди дидору шиносоӣ аз ҳуҷраҳои хобгоҳи донишҷӯён ва шиносоӣ бо ҳолати воқеии шароити будубоши онҳо дар саҳни ошёнаи аввали хобгоҳи №1 миёни устодон ва муҳассилин мубодилаи афкор сурат гирифт.
Донишҷӯён ба пурсишҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифта, раёсати донишгоҳро мутмаин сохтанд, ки аз маслиҳату машварати устодон дар таҳсилу рӯзгори рӯзмарраи худ самарабахш истифода бурда, талош меварзанд, то сазовор будан ба донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия иқтисоди Тоҷикистонро минбаъд низ ҳифз намоянд.
Дар фароварди вохӯриву суҳбатҳо муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов дар хитоб ба донишҷӯён иброз дошт: “Фаромӯш насозед, ки ҳар кадоми шумо волидайн, пайвандон ва азизони чашмбароҳе доред, ки дар ростои ташнаи дидори шумо буданашон, инчунин толиби боиставу шоиста хондану ба мақоме расидани шумо ҳастанд. Умедворанд, ки фарзандашон, хешованд ва ё ҳамсояву ҳамдеҳаашон рӯзе бо сари баланд таҳсилашро ба итмом расонида, бо мавқеи сазовораш миёни аҳли ҷомеа фахри ёру диёр мегардад. Аз ин рӯ, умеди онҳоро барбод надиҳед! Зеро мо миллати фарҳангиву адабпарвару китобхону донишвар будему ҳастем. Пас, наҷоти мо дар хондани китоб, омӯхтани илм ва азхуд кардани донишҳои замонавию дар амал татбиқ намудани онҳост!”
Бо ҳамин нияти нек аҳли раёсати донишгоҳ бо донишҷӯён хайрухуш намуда, ваъда доданд, ки ҷиҳати пешрафти кор ва таъсирнокии чунин дидору мулоқотҳо ба сифати таълиму тарбияи донишҷӯён тамосу мукотиба ва санҷишу мубодилаи андешаҳои рӯ ба рӯро муттасил ташкил хоҳанд кард.
Эзоҳ:
Дар хобгоҳҳои №№1 ва 2-и Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳудуди 1000 нафар донишҷӯ аз минтақаҳои гуногуни кишварамон зиндагӣ мекунанд. Ҳар ду хобгоҳ ҳам дар арафаи соли хониши 2025-2026 аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ҳуҷраҳо бо шароити муосири рӯзгузарониву таҳсил мутобиқ гардонида шудаанд. Роҳраву долон ва атрофи бино бо 24 адад камераи назоратӣ таъмин буда, одобу рафтори донишҷӯён пайваста таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Дар баробари ин, барои аз таҳсил дур намондан ва ба беҳудагардӣ фурсат наёфтани муҳассилин дар ошёнаи аввали хобгоҳи №2 толори махсуси забономӯзӣ ташкил карда шудааст, ки хоҳишмандон ҳафтае се маротиба ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ДДМИТ ширкаткунандагон ва ғолибони чандин озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” ва ғайра таҳсил менамоянд, ки аҳли раёсат зимни вохӯрӣ бо онҳо дар хобгоҳ вохӯрда, барояшон дастуру тавсияҳои муфид доданд ва дар иштироки минбаъдаашон барору комёбиҳо хостанд.