Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

КОНФЕРЕНСИЯ: РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

КОНФЕРЕНСИЯ: РУШДИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА

Рӯзи 15-уми октябр дар ҳошияи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории Душанбе инвест-2025 ҷиҳати истиқболи сазовори Рӯзи соҳибкорон ва бахшида ба «Солҳои рушди саноат» (2022-2026) дар ДДМИТ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ зери унвони “Рушди соҳибкории хурду миёна дар шароити саноаткунонии босуръати иқтисодиёт” доир гардид.

Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки таъмини рушди устувори иқтисоди миллӣ аз фаъолияти босамари бахши хусусӣ ва соҳибкорони ватанӣ вобаста аст. Махсусан, рушди соҳибкории истеҳсолӣ яке аз омилҳои фаровонии бозорҳои кишвар бо маҳсулоти баландсифати ватанӣ ба шумор меравад. Бо дастгириҳои ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат солҳои охир фазои соҳибкории истеҳсолии кишвар рӯ ба рушд оварда, рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозори тиҷоратӣ таъмин гардида истодааст. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бахши соҳибкориро ҳамчун самти асосии сиёсати иқтисодии давлат арзёбӣ намуда, таъкид кардаанд, ки минбаъд фаъолияти бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва инкишофи босуръати тиҷорати хурду миёна дар кишвар аз омилҳои асосии рушди иқтисодиёти миллӣ хоҳад буд.

Бобоҷон Сатторзода дар идома қайд кард, ки дар доираи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери сиёсати созандаву бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ 4 маротиба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таҳрири нав мавриди амал қарор гирифт, ки ин ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла, соҳибкории истеҳсолии хурду миёна замина фароҳам овард. Ҷиҳати дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди рушди бахши соҳибкорӣ то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳибкорони ватанӣ беш аз 120 намуд имтиёзҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод шудааст.

Қобили зикр аст, ки соҳибкорони кишвар, дар раванди саноатикунонии босуръат, бунёди корхонаҳои истеҳсолии хурду миёна, иншооти иҷтимоӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, инчунин, дар татбиқи ҳадафҳои созандагиву бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат саҳми назаррас гузошта истодаанд.

Дар идомаи кори конфронс Умед Давлатзод, н.и.и., дотсент, директори Муассисаи давлатии "Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии молия"-и назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Рушди соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ: вазъи муосир ва дурнамои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза кард.

Қайд гардид, ки дар Тоҷикистон рушди соҳибкорӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ ба воситаи татбиқи барномаҳои давлатӣ, бахусус «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ» амалӣ гардида истодааст. Асоси ин рушд ҷалби сармоя ба технологияҳои рақамӣ, васеъ намудани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сифати интернети фарохмавҷ ва рушди соҳаҳои алоқа ва хизматрасониҳои электронӣ мебошад.

Юджи Макимото, роҳбари гурӯҳи татбиқи лоиҳаи рушди соҳибкории хурди Ҷайка (JICA) дар мавзуи “Роҳ ба сӯйи рушд ва шукуфоии Тоҷикистон: аҳамияти дастгирии соҳибкории хурд” маъруза намуда, афзуд, ки барномаҳои муштараки JICA воситаи муҳими ҳамкории техникӣ мебошанд, ки рушди захираҳои инсонӣ ва ҳалли мушкилотро дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ дастгирӣ мекунанд.

Бахтиёр Наврӯззода, д.и.и., профессори кафедраи маркетинг ва менеҷменти донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Узбекистон зимни ироаи маъруза дар мавзуи «Роҳҳои рушди бизнеси сайёҳӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистон» гуфт, ки роҳандозии ҳамкориҳои муассир миёни ширкатҳои сайёҳии Узбекистон ва Тоҷикистон барои ҳарду кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ судманд аст.

Саидзода Фирӯзмуҳаммад Ҳикматулло, директори Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар мавзуи “Рушди стартапҳо дар Тоҷикистон: Бизнес Инкубатор истифодаи имкониятҳои платформаҳои муосири минтақавӣ” баромад кард.

Тибқи иттилои мавсуф, Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар доираи ваколатҳои оинномавии худ оид ба расонидани дастгирии методӣ, машваратҳо ба соҳибкорони нав ва бо назардошти таҷрибаи бизнес-инкубаторҳои кишварҳои мутамаддин дар самти рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ фаъолият менамояд.

Дар муҳокима профессорони донишгоҳ Манзура Кошонова, Рустам Раҳматзода ва Иномҷон Аминов иштирок намуданд.

Конференсия дар бахшҳо ба кори худ идома дод. Аз ҷумла, гуфта шуд, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузорӣ ва коҳиши монеаҳои бюрократӣ, дар давоми солҳои 2008-2022 чаҳор маротиба (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022) мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ эълон карда шуд.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ