Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ИДМ

Манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ИДМ

    Санаи 18-уми октябри соли равон кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ семинари илмӣ-методӣ дар мавзуи “Дурнамои амиқгардонии ҳамгироии иқтисодии кишварҳои ИДМ: таҳлили татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Иттиҳод то соли 2030 дар заминаи мушкилоти ҷаҳонӣ” баргузор гардид.

Дар он доктори илмҳои иқтисодӣ, профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳон Шермаҳмад Ҷонмаҳмадов дар мавзуи “Натиҷаи Саммити ИДМ -2025” ва доктор PhD, дотсент, мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳони ДДМИТ Садриддин Шарипов дар мавзуи “Таҳлили масъалаҳои асосӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ИДМ” баромад намуданд.

    Гуфта шуд, ки Саммити Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки моҳи октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор шуд, яке аз рӯйдодҳои калидии байналмилалӣ дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳод мебошад. Баргузории ҷаласаи сатҳи олӣ дар пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе имкон дод, ки рӯзномаро ба мушкилоти минтақавӣ ва афзалиятҳои миллӣ ба қадри имкон равона созад.

   Мақсади асосии Саммит аз баррасии самтҳои стратегии рушди ҳамкории ҳамгироӣ дар соҳаи сиёсат, амният, иқтисод ва соҳаи гуманитарӣ иборат буд. Барои Тоҷикистон Саммит майдончаи расидан ба чор ҳадафи асосӣ: таҳкими амният дар марзҳои ҷанубӣ, рушди иқтидори нақлиётӣ-логистикӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва тасдиқи нақши худ ҳамчун пешвои фаъоли минтақавӣ гардид.

Бо шарофати раёсати худ ҷумҳурии мо тавонист манфиатҳои асосии миллиро самаранок пеш барад ва ба қарорҳои мушаххас ноил шавад.

    Дар анҷоми семинари илмӣ-методӣ байни устодону донишҷўён музокира ва саволу ҷавоб доир ба мавзуи баррасишуда баргузор гардид.

 

Таоймурод Эшзода