Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи шурои кураторон
Бо ибтикори садорати факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва раёсати корҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои нақшаи кории шурои кураторони факултет, санаи 17-уми октябри соли равон ҷаласаи шурои кураторон баргузор гардид. Дар он Фахриддин Убайдов, декани факултет, Мавҷуда Давлатова, сармутахассиси раёсати тарбияи донишгоҳ, муовинони декан ва кураторони гурўҳҳои акдемии факултет иштирок намуданд.
Дар ҷаласаи шурои кураторон масъалаҳои терроризм ва ифротгароӣ, сари вақт гузаронидани соатҳои тарбиявӣ дар гурўҳҳо, обунашавии донишҷўён ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва китобхонаи илмии донишгоҳ, сари вақт ҳозиршавии донишҷўён ба дарсҳо бо лавозимоти дарсӣ ва назорати онҳо оид ба аз ҷониби кураторон пур кардани саҳифаҳои соатҳои тарбиявӣ дар журналҳо, омода намудани протоколҳо вобаста ба мавзуъҳои мубрам ва ҷалби донишҷўён барои хондани китобҳои илмию бадеӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҷаласаро декани факултет Фариддин Убайдов оғоз намуда, қайд кард, ки яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст, терроризм ва ифротгароӣ мебошад. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрўза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш - таҳдид ё истифодаи зўроварӣ, расонидани зарари вазнин ва ғайра мебошад.
Сипас, Мавҷуда Давлатова ва эдвайзер оид ба тарбия Муҳамадсаид Изатуллоев кураторонро водор намуданд, ки бо гурўҳҳо ҷиддӣ кор намоянд, донишҷўёнро беназорат нагузоранд ва ҷиҳати фаъолияти илмию ахлоқии ҳар яки онҳо бохабар бошанд, зеро тарбияи дурусти ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва инсондӯстӣ кафолати суботи сиёсӣ, амнияти миллӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад.
Месазад ҳар як фарди ҷомеа, бахусус устодон ва донишҷуён бояд масъулияти шахсии худро дар ин раванд дарк ва иҷро намояд.
Тағоймурод Эшзода