Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ШОГИРДИ БОМАЪРИФАТ ДАСТОВАРДИ УСТОД АСТ!

ШОГИРДИ БОМАЪРИФАТ ДАСТОВАРДИ УСТОД АСТ!

Санаи 21 октябри соли равон тибқи нақшаи чорабиниҳои муқарраргардида вохӯрии ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор бо устодон ва донишҷӯёни соли аввали факултетҳои иқтисод ва идоракунии давлатӣ, инчунин, факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣдоир гардид.

Ректори донишгоҳ зимни баромади хеш перомуни масъалаҳои умдаи донишҷӯён, аз қабили риояи одобу ахлоқ, эҳтироми устодон, дарсазхудкунӣ, дӯстиву рафоқати байниҳамдигарӣ, сари вақт ҳозир шудан ба дарсҳо, халал нарасондан ба рафти машғулиятҳо, аъзо шудан ба Китобхонаи миллӣ ва китобхонаи илмии донишгоҳ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, истифодаи самаранок, бамаврид ва сарфакорона истифодабарӣ аз телефонҳои мобилӣ, талош барои гирифтани стипендияи Президентӣ, стипендияи Раиси шаҳри Душанбе, стипендияи шурои олимони донишгоҳ ва инчунин, риояи одобу фарҳанги шаҳрнишинӣ суҳбат намуд.

Бобоҷон Сатторзода дар баробари он ки донишҷӯёнро ба аз худ кардани илму дониш ташвиқ намуд, ҳамзамон, афзуд, ки шогирди босаводу бомаърифат ин дастоварди устод аст. Бинобар ин, донишҷӯи фаъол онест, ки ҳама донишу илми ироакардаи устодонро аз худ мекунад ва он гаҳ ӯ метавонад дониши қавии азбаркардаи худро ҳамчун маҳсулоти беҳтарин ба бозори меҳнат пешниҳод намуда, бо он харидор пайдо кунад.

Дар ин росто ректори донишгоҳ ба донишҷӯён аз мавҷудияти шартномаҳо ва ҳамкориҳои собиқадор бо як қатор вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатии мамлакат ёдовар гардида, зикр кард, ки овони донишҷӯӣ лаҳзаҳои беҳтарину бозпас барнагарданда баҳри истифодаи самараноки вақт ва имкониятанд. “Шумо, ки аз насли хушбахти даврони истиқлол ҳастед, аз шароити хуби дар донишгоҳ бароятон муҳайёбуда моҳирона истифода баред, технологияи муосирро омӯзед, дар байни ҷамъияти донишгоҳ мавқеи худро пайдо намоед, ҳамон вақт метавонед ҳамчун мутахассиси ба кор омода ба камол расед ва соҳиби эҳтиром, обрӯ ва нуфузу эътибор гардед. Ҳоло, ки имкон даст додааст, аз ҳамин лаҳза дар талоши илму дониш, саводу маърифат бошед ва ин шонсро аз даст надиҳед!” - изҳор дошт Бобоҷон Сатторзода.

Дар идомаи суҳбат Бобоҷон Сатторзода муҳассилинро ба забономӯзӣ раҳнамун сохта, ҳамзамон, ба онҳо дар мавриди ширкат варзиданашон дар мубодилаи донишҷӯён бо муассисаҳои олии таълимии хориҷи кишвар, ки ДДМИТ бо як қатор муассисаҳои олии Федератсияи Русия, Қазоқистон, Беларус, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ғайра созишномаҳои ҳамкорӣ дорад, маслиҳат дод.

Пас аз суханронии Бобоҷон Сатторзода донишҷӯёни соли аввали факултаи иқтисод ва идоракунии давлатӣ Аҳмадқулова Азиза ва Зиёвиддинзода Ҳусниддин ва дигарон баромад намуда, аз Ҳукумати мамлакат ва раёсати донишгоҳ барои муҳайё намудани шароити хуби таҳсилу истиқомат дар хобгоҳ изҳори сипос карданд ва дар навбати худ ваъда доданд, ки бо баҳои хубу аъло, ахлоқи намунавӣ ва дастовардҳои назаррас донишгоҳро хатм намуда, анъанаи хатмкардагони пешина, яъне соҳибэътибору соҳибэҳтиром буданро идома хоҳанд дод ва обрӯву нуфузи донишгоҳро боз ҳам боло мебардоранд.

Дар интиҳо ректори ДДМИТ ба донишҷӯён муроҷиат намуда изҳор дошт, ки агар мушкилоте, душворие доранд, озодона ба деканҳо ва муовинонашон ва ё дар рӯзҳои қабули ректор бе мамониат муроҷиат намоянд, раёсати донишгоҳ дар доираи салоҳият ва имконоти мавҷуда онҳоро баррасӣ хоҳад намуд.

 

Маҳмадалӣ Очилдиев