Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

МЕҲРГОН - ЁДГОРЕ АЗ ФАРҲАНГИ НИЁГОН-

МЕҲРГОН - ЁДГОРЕ АЗ ФАРҲАНГИ НИЁГОН-

Бо ташаббуси раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ, садорати факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ ва кафедраи фанҳои гуманитарӣ бо иштироки муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова 22 октябр дар толори таълимии ДДМИТ чорабинии сиёсӣ-идеологӣ зери унвони «Меҳргон - ҷашни адолат, меҳру дӯстӣ ва ҳувияти миллӣ дар таърихи тамаддуни тоҷикон» баргузор гардид.

Сараввал сардори раёсати корҳои ташкилию тарбиявӣ Сиёвуш Ҳабибов дар бораи мақому манзалати Меҳргон изҳори назар карда, афзуд Меҳргон ҷашни бостонии тоҷикон аст, ки рамзи анҷоми соли кишоварзӣ буда, дар авоили моҳи октябр таҷлил мешавад. Дар тули садсолаҳо Меҳргон ба як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ табдил ёфта, мардумро дар фазои идона гирди ҳам меорад.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо, ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарӣ Далер Сангинов дар мавзуи «Меҳргон - ёдгоре аз фарҳанги ниёгон» маъруза намуда, гуфт, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру саодат аст.

Устоди кафедраи фанҳои гуманитарӣ, роҳбари маҳфили “Чароғи маърифат” Асадулло Муллоҷонов дар баромади худ қайд кард, ки бо туфайли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ин ҷашн аз нав эҳё шуда, дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳанӯз 3 ноябри соли 1995 Иди Меҳргонро дар қатори дигар ҷашнҳо ҳамчун ҷашни миллии кишварамон шинохта шуд.

Соли 2011 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур чунин қайд намуданд: «Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсиву фарҳангии давраҳои гузашта, ҷашни Меҳргон то имрӯз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад. Зеро Меҳргон монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда шавад».

Ҳамин аст, ки имрӯз Иди Меҳргон на танҳо ҳамчун ҷашни шодӣ, балки ҳамчун рӯйдоди муҳими ҳифзи мероси фарҳангӣ, ғанӣ гардонидани рӯзгори мардум, таҳкими ҳувияти миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дар муттаҳид сохтани ҷомеа хизмат мекунад.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА