Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

“ДУРАХШИ ИЛМ” АЗ САТҲИ УМУМИДОНИШГОҲӢ ФАРОТАР МЕРАВАД

“ДУРАХШИ ИЛМ” АЗ САТҲИ УМУМИДОНИШГОҲӢ ФАРОТАР МЕРАВАД

Рӯзи 23-юми октябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҳфили навбатии “Дурахши илм” доир гардид. “Дурахши илм” - маҳфили илмӣ-маърифатии умумидонишгоҳӣ буда, бо дастури бевоситаи ректори муассисаи таълимӣ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор ва ташаббуси Шӯрои рушди илм ва инноватсионии ДДМИТ таъсис ёфтаву моҳе се маротиба доир мегардад.

Маҳфили навбатӣ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Муқимов Қутбиддин Мирзоҷонович ва иштироки декани факултаи фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Бӯриева Мастура Чориевна, директори китобхонаи илмии донишгоҳ, сардори шуъбаи иттилоот ва нашрия, мудирони кафедраҳо ва донишҷӯёни фаъоли ҳамаи факултаҳо баргузор шуд.

Сараввал муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Қутбиддин Муқимов баромад намуда, изҳор дошт, ки маҳфили мазкур як навъ тақвиятдиҳандаи маҳфилҳои илмиву маърифатии назди кафедраву факултетҳои муассисаи таълимӣ хоҳад буд. ки бо супориши ректор аз тамоми маҳфилҳои донишҷӯёни назди кафедраҳо донишҷӯёни фаъол, онҳое, ки имкону нерӯи дар оянда дар озмунҳо, маҳфилҳо, чорабиниҳои илмӣ, семинару форумҳои донишҷӯён иштирок карданро соҳиб буда, нуфузи донишгоҳро дар дилхоҳ чорабиниҳои илмӣ баланд бардошта метавонанд, гирдоварӣ гардидааст.

Дар тақвияти ин гуфтаҳо мавсуф иқдоми мазкурро қобили дастгирӣ шуморид ва шарҳ дод, ки маҳфили “Дурахши илм” маҳз ҷиҳати ташаккули тафаккури зеҳнии донишҷӯён ташкил ёфтааст ва ҳадафаш низ пайдо намудани чеҳраҳои нави илмӣ ва дар умум пурқувват намудани базаи илмиву зеҳнии донишгоҳ мебошад.

Ба иттилои номбурда, инак дар баробари он ки марҳила ба марҳила аз маҳфил то маҳфил сафи хоҳишмандони иштирок дар “Дурахши илм” рӯ ба афзоиш дорад, инчунин, маълум мегардад. ки сатҳ, нуфуз ва ҷойгоҳи он фаротар меравад. Дар ин росто муовини ректор оид ба илм ва инноватсия мужда расонд, ки аллакай се донишгоҳи хориҷӣ аз Русия, Қазоқистон ва Белорус дархости узвият ба маҳфили мазкурро пешниҳод кардаанд, ки минбаъд дар маҳфилҳои “Дурахши илм” ба таври онлайнӣ ширкат варзида, ба ин васила табодули андеша ва тафриба менамоянд.

Ҳамзамон изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар оянда шояд вобаста ба мавзуи матраҳ намояндагон аз вазорату кумита ва хадамоту сохторҳои дахлдор дар маҳфил ширкат варзида, баҳри тақвият ва пурра гардидани презентатсия фикру андешаашонро баён доранд. Ин иқдом бешакк бар манфиати кор хоҳад буд ва низ ҳамкориҳои дуҷонибаро густариш мебахшад.

Сипас, ҳозирин презентатсияи донишҷӯёни соли чоруми факултаи фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ Бобоқулов Аслам ва Файзалиев Баҳромро дар мавзуи “Аҳамияти пардохтҳои гумрукӣ баҳри ғанигардонии буҷети давлатӣ дар шароити иқтисоди рақамӣ” шуниданд.

Аз ҷониби муаррифгарони мавзуъ таъкид карда шуд, ки пардохтҳои гумрукӣ пардохтҳои ҳатмие мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти гумрук ҳангоми интиқоли мол тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешаванд. Пардохтҳои гумрукӣ дорои якчанд аломатҳои хос буда, ҳатмиянд ва даромадҳои махсуси буҷети давлат ба ҳисоб мераванд, ки бо қувваи маҷбуркунии давлат ситонида мешаванд. Барои напардохтан, вайрон кардани муҳлати пардохт, саркашӣ аз пардохти пардохтҳои гумрукӣ шахси гунаҳгор ба ҷавобгарӣ ҷалб карда мешавад.

Инчунин, баромадкунандагон шаклҳо ва фоизҳои ситондани андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ, боҷи содиротӣ, андози аксизӣ ва ғайриандозиро хеле содаву оммафаҳм таҳлил намуда, пешкаши аҳли толор гардониданд.

Зикр намудан айни муддаост, ки маҷмуан баргузории чунин маҳфилҳо имкон фароҳам меоранд, ки донишҷӯ озодона суҳбат намудан, фикрашро баён карда тавонистан, мақсадашро фаҳмондан ва тарзи пешниҳоди мавзуъро хуб дар зеҳнаш ҳазм намуда, ба ин васила қобилияти нутқронии худро ташаккул медиҳад, то андешаву афкорашро аз ҷиҳати илмӣ асоснок ба аудитория ироа намояд.

Дар интиҳо донишҷӯёни факултаҳои молия ва қарз, муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, ҳисобдорӣ ва омор, иқтисод ва идоракунии давлатӣ ва фаъолияти гумруки ва амнияти иқтисодӣ Саидалиева Хадича, Рамазонов Пайрав, Саидов Самандар. Хоҷазода Сабрина, Холназарова Маҳлиё, Адолов Садриддин ва Хоҷаев Беҳзод, ки аксарашон муҳассилини курси 4 буданд, ба муаллифони презентатсия саволҳо дода, ба онҳо посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Мубоҳисаҳои гарму самимӣ ва кунҷковонае, ки миёни донишҷӯён сурат гирифт, андешабарангез ва хотирмон буд.

Мусаллам аст, ки дар ҷаҳони муосир, ки илм омили асосии пешрафти ҷомеа ва давлат ба шумор меравад, донишомӯзӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳатто ҳаётӣ пайдо кардааст. Бинобар ҳамин, таъсиси маҳфили “Дурахши илм” яке аз ташаббусҳои илмиву маърифатии раёсати Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри донишҷӯён мебошад, ки бо ҳадафи баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди тафаккури илмӣ ва бедор кардани завқи зеҳниву пайдо кардани қобилияти тадқиқотии онҳо таъсис ёфтааст. Аз ин лиҳоз, маҳфили “Дурахши илм” метавонад миёни донишҷӯён муҳити дӯстдорони дониш, тадқиқ ва навовариро ба вуҷуд оварад.

Қарор шуд, ки маҳфили навбатии “Дурахши илм” даҳаи аввали моҳи ноябр баргузор хоҳад гардид.

Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ