Хабарҳо
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶЎИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи дастгирии давлатии ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки «соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавигардонии варзиш, таҳким бахшидани тарзи ҳаёти солим ва омодасозии варзишгарони касбии тоҷик барои иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ равона гардидааст».
Ҳамин аст, ки дар мамлакат ҳамасола бо мақсади фароҳам овардани имконоти фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш, мустаҳкам намудани дўстиву рафоқат байни варзишгарон мусобиқаҳо доир мегардад.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи 20-солагии Истиқлолият дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд аз 7 то 21-уми октябри соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявии бокс байни калонсолон (писарон ва духтарон) баргузор гардид. Хушбахтона, дар он донишҷўи курси 4-уми ихтисоси иқтисоди молиявӣ ва бонкии факултети молия ва қарзи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шаҳриёр Солиев фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи 3-ум гардид.
Бояд қайд кард, ки донишҷўи мо солҳои қаблӣ низ дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро ишол намуда буд.
Ҳоло таҳти роҳбарии мураббияш Комил Холиқов тамрин намуда, ба мусобиқаҳои дарпешистода тайёрӣ мебинад.
Мо аз донишҷўи ғолиб умедҳои калон дорем аз дастовардҳои ў мефахрем. Дар хониш ва фаъолияти минбаъдаи варзишиаш муваффақияту музаффариятҳо орзумандем.
Тағоймурод Эшзода
