Хабарҳо
ОҒОЗИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба маркази баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ табдил ёфтааст ва дар ин муассисаи олии таълимӣ пайваста чорабиниҳои сатҳи баланд доир мегарданд. Ин навбат, рӯзи 24-уми октябри равон дар ДДМИТ озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» доир гардид.
Дар маросими кушодашавии озмун ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода меҳмонону устодон ва иштирокчиёни озмунро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, зикр кард, ки соли дуюм аст, ки озмуни «Беҳтарин барномасоз» дар донишгоҳи мо доир мегардад ва ин навбат иштирокчиёнро аз 23 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар ҷамъ овардааст.
Озмун аз рӯйи 2 номинатсия: технологияҳои иттилоотӣ ва таҳияи лоиҳаҳои инноватсионӣ оид ба автоматикунониии зерсохторҳои МТОК баргузор мегардад, ки дар он 39 нафар аз 23 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок мекунанд. Рафти озмунро комиссияи салоҳиятнок ҳакамӣ менамояд.
Муовини ректор оид ба илм ва инноватсияҚутбиддин Муқимовдар бораи шартҳои озмун, имкониятҳои фароҳамгардида барои иштирокчиён ва мавҷуд будани шароити зарурӣ, бахусус дастрас будани техника ва таҷҳизоти навтарини рақамӣ дар донишгоҳ изҳори андеша намуд.
