Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Хабарҳо

ҶАРАЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»

ҶАРАЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «БЕҲТАРИН БАРНОМАСОЗ»

Бо баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар «Беҳтарин барномасоз» ДДМИТ тасмим гирифт, ки шавқу ҳаваси донишҷӯёнро дар самти технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ бедор намуда, аз байни онҳо чеҳраҳои беҳтаринро дарёфт намояд.

Озмун бахшида ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани донишҷӯён барои иштирок дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм - фурӯғи маърифат” ва ба ин васила, баланд бардоштани маҳорати истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ, дарёфти чеҳраҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ, ташаккули маҳорати истифодаи барномаҳои амалии компютерӣ, тақвияти раванди ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ дар ҷумҳурӣ ва дар амал татбиқ намудани бандҳои Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳукумати электронӣ равона карда шудааст.

Пешрафти илмию техникӣ ҳаётро боз ҳам осудатар, шавқовартар, бехавфтар, фаъолтар мегардонад ва дар ин комёбиҳо нақши асосиро барномаҳои амалии компютерӣ мебозанд, ки дар амалисозии он мутахассисони соҳа, яъне барномасозон нақши муассир доранд.

Аз ин лиҳоз, баргузории чунин озмунҳо барои тақвияти дониши донишҷӯён мусоидат намуда, барои мутахассиси хуби соҳа шудан замина мегузоранд, зеро дар замони муосир барои амалигардонии рақамикунонии соҳаҳои алоҳидаи хоҷагии халқ тибқи барномаю стратегияҳои давлатӣ маҳз мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, махсусан барномасозон заруранд.