Маълумоти умумӣ
Аввалин муассисаи таълимии–молиявӣ техникуми молиявӣ-қарзӣ дар соли 1942-ум дар назди Вазорати молияи ҶШС Тоҷикистон ташкил ёфта, то соли 1956-ум фаъолият намудааст. Техникуми мазкур дар солҳои 1942-1956 як гӯруҳи калони мутахассисони ҷавони миллиро тайёр намудааст, ки онҳо барои инкишофи минбаъдаи мақомотҳои молия, суғуртаи Ҷумҳурӣ саҳми муносиб гузоштанд.
Ин техникум то солҳои ҶБВ дар шаҳри Ленинобод (Хуҷанд) амал карда, ҳарсол дар он 200 нафар донишҷӯён таҳсил мекарданд. Дар давраи ҷанг фаъолияти техникум қ атъ шуда, танҳо охири соли 1944 дар шаҳри Сталинобод (Душанбе) аз нав ба кор оғоз кард. Соли 1948 техникум бо омӯзгорони соҳиб маълумот пурра таъминшуда, дар он 260 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Соли 1957-ум дар ҶШС Тоҷикистон филиали техникуми иттифоқ ии ғоибонаи молиявӣ ташкил гардида, то соли 1973-ум фаъолият намудааст.
Техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе соли 1973 мутобиқи қарори КМ ҶК Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон аз 22-уми октябри соли 1969 ва мактуби Вазорати маорифи ИҶШС аз 21-уми августи соли 1972 таҳти рақами 92-01-680 (09-06-11) аз нав ташкил карда шудааст.
Тавассути сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатамон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қароруқонунҳои бунёдии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи паҳлуҳои ҷомеарӯ ба пешравӣ оварда, ватани соҳибистиқлоли мо ба майдони бунёдкориҳо табдилёфтааст. Дар чунин марҳилаи созандагӣ ва тармими ҳаёти воқеии шаҳрвандони кишвари азизамон масъалаи мактабу маориф ва дар ин поя дастрасӣ ба технологияи пешрафти муосир, тибқи талаботи меъёрҳои стандарти байналмилалӣ, тайёр намудани мутахассисони соҳибихтисос, огоҳии комил аз асрори кашфиёти илмиҷаҳонӣ ва дар ин замина таъмин намудани рушди босуръати Ватани азизамон аҳамияти хоса пайдо мекунад.
Мақсадҳои асосии таъсиси Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон пурраю мустаҳкам намудани заминаи моддӣ-техникӣ ва захираи кадрии собиқ ДИТ ва ДМТ, ташкилу беҳтар намудани ҳолати лаборатория ва озмоишгоҳҳо ва ба талаботи Стандарти ҷаҳонӣ мувофиқ намудани раванди таълим, ба сатҳи баланд бардоштани мақоми донишкада, такмили сохтор, истифодаи усулҳои наву замонавии таълим, таҳияи барномаҳои ҷавобгӯи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои омодасозии мутахассисони баландихтисоси соҳаи молияву иқтисод, мутахассисони илмӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи молияву иқтисод замина гузоштан; боло бардоштани маърифати илмӣ-сиёсии ҷомеа; тарғиби зарурати донистану истифода намудани технологияи ҳозиразамон дар соҳаҳои гуногуни молияву иқтисоди ҷумҳурӣ зиёд намудани саҳми он дар рушди иқтисодиёт, ба хусус низоми молиявӣ ва дигар ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа иборат мебошад. Инчунин саҳмгузорӣ дар амалӣ гардонии Барномаи Бонки умумиҷаҳонӣ бобати таҷдиди идораи молияи давлатӣва амалӣ гардониии Барномаи миёнамуҳлати хароҷотҳои давлатӣ аз ҷумлаи ин ҳадаф ба шумор меравад.
Омӯзиш ва баррасии вазъи Донишкада аён менамояд, ки дар баробари дастовардҳо дар ҳамаи самтҳои фаъолият душворӣ ва масъалаҳои ҳалталабе мавҷуданд, ки саривақт бартараф накардани онҳо метавонад, боиси то андозае коста гардидани нуфузи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон гардад.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи давлатӣ буда, муассиси он Вазорати молияи ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад ва барои соҳаҳои гуногуни низоми молиявию иқтисодӣ дар сатҳи баланд мутахассис тайёр менамояд. ҳамзамон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар, ки аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфтаанд, инчунин аксарашон навтаъсис мебошанд, низ ба тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои мухталиф машғуланд. Мусаллам аст, кимуассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки аз замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ташкил ёфтаанд, аз бисёр ҷиҳатҳо аз таҷрибаи ҷахонӣ ва тақозои замон нисбати бо раванди муайян тайёр намудани мутахасисон, ки дар бозори меҳнат ҷои худро меёбанд, қафо монда истодаанд. Табиист, ки бо пешрафти ҷомеъа таъсис ёфтани муассисаҳои нави таълимӣ, талаботи замон аст, вале хуб мешуд, ки он ихтисосҳоеро, ки дар мактабҳои олии пештар ташаккулёфта тайёр мешуданд, ба муассисаҳои нави таълимии соҳавӣ(вазорату идораҳо)-и алоҳида бо мутахасисонаш(устодон) интиқол дода шаванд, вале такрори ихтисосҳо дар шароити иқтисоди бозорӣ аз як тараф рақобати мукаммалро ба вуҷуд оварда боиси баланд гардидани сифат гардад аз дигар тараф боиси зиёд шудани хароҷоти соҳа ва нодурустии банақшагирии мутахасисони бозори меҳнат мегардад. Муассисаҳои нави таълимӣ бояд дар риштаҳое мутахассис тайёр кунанд, ки дар шароити имрӯза ба он аз ҷониби вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои иқтисоди бозорӣ ва бозори меҳнатии ҷаҳонӣ талаботи воқеъи ва аниқ ҷой дорад, ки ба хоҷагии халқи кишварамон манфиатовар бошад, ки ҳадафи асосии дар заминаи ҳамроҳнамоии ду донишкада - собиқ Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва собиқ Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон таъсис додани Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз ин бармеояд.
Дар марҳилаи муосири инкишофи ҷомеа, ки муносибатҳои бозорӣ бартарӣ дорад, амалӣ намудани сиёсати ягонаи таҳсилоти олии касбӣ, самаранок истифода намудани нерӯҳои мавҷуда ва баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатӣ, нисбати муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатӣ зарур аст.
Бо назардошти ташаккули заминаи хуби техникӣ, захираи лозимии мутахассисони соҳибунвон ва имконияти дар сатҳи баланд тайёр намудани мутахассисони соҳаи илму таълим ба Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, чун донишкадаи базавӣ дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия, бонкдорӣ ва соҳаҳои гуногуни иқтисодии кишварамон асосан ба он такя карда шавад.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз нигоҳи сохтор муассисаи навтаъсиси таҳсилоти олии касбӣ буда, айни ҳол дар ҳайати он 6 факултет ва 24 кафедра фаъолият менамояд.
Бо назардошти мушкилиҳои давраи гузариш ДМИТ метавонад:
- ҳайати асосии омӯзгоронро ҷалб намояд, мувофиқан ба имкониятҳои иқтисодии кишвар заминаи моддию техникии таълимро мустаҳкам намояд;
- дар раванди таълим ҳаддалимкон дастрасӣ ба технологияи нави замонавиро таъмин намояд;
- тайёр намудани мутахассисонро бо назардошти ниёзҳои воқеии ҷомеа ва талаботи бозори меҳнат ба роҳ монад;
- робитаҳояшро бо мактабҳои олӣ ва марказҳои илмии хориҷи дуру наздик васеъ намуда, қабул ва таълими шаҳрвандони хориҷиро барқарор ва такмил диҳад.
Соли 1973 бинои нави техникуми молиявӣ (ҳозира бинои ДМИТ) ба истифода дода шуд, ки дар он минбаъд кадрҳои соҳаи молия ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки саҳми колеҷи молиявӣ-иқ тисодии шаҳри Душанбе дар тайёр намудани мутахассисони соҳаи молия хеле бузург мебошад.
Мувофиқ и дастури Шӯрои Вазирони ИҶШС аз 16-уми майи соли 1975 таҳти рақ ами 1174р ва фармони Вазорати молияи ИҶШС таҳти рақ ами А-449 аз 2-уми июли соли 1975 Техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ба тобеияти бевоситаи Вазорати молияи ИҶШС гузронида шуд.
Дар асоси қарори Ҷукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-08-2002,таҳти №332 Техникуми молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе ба Коллеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе табдил дода шуд.
Яке аз дастовардҳои истиқлолият ин дар заминаи колеҷи молиявӣ-иқтисодии шаҳри Душанбе таъсис додани Донишкадаи молияи Тоҷикистон мебошад, ки воқ еан саҳифаи дурахшоне дар пешрафти Ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мебошад. Донишкадаи молияи Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №345 аз 18.06.2009 дар заминаи Коллеҷи молиявӣ-иқ тисодии шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.
Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №227 аз 11.05.2012 дар заминаи Донишкадаи молияи Тоҷикистон ва Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон, Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъсис дода шуд. Муассиси таълимгоҳ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсад аз ташкил намудани он, пеш аз ҳама, татбиқ намудани сиёсати молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисони соҳаи молияву-иқтисод мебошад.
Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон муассисаи давлатии таълимӣ буда, донишҷӯёнро тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ ба таҳсил фаромегирад. Ин донишкада дорои базаи мустаҳками моддӣ-техникӣ буда мақсади асосии он омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва дар бозори меҳнат рақобат пазир мебошад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018 таҳти №169 Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон табдил дода шуд.