Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Лоиҳаҳои грантӣ

ЛОИҲАҲОИ ГРАНТИЕ, КИ СОЛҲОИ ГУНОГУН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН 

ТАТБИҚ ШУДААНД ВА Ё ТАТБИҚ ШУДА ИСТОДААНД 

Тавассути андешидани чораҳои муассиру мушахаас солҳои охир дар Донишгоҳ лоиҳаҳои гуногунмазмуни грантӣ татбиқ шуда истодаанд, ки аз ҷумлаи муваффақиятҳои назаррас ба ҳисоб меравад. Дар тули солҳои охир дар Донишгоҳ лоиҳаҳои гуногуни давлатӣ ва байналмилалӣ татбиқ шуданд ва ё татбиқашон идома дорад, аз ҷумла: 


1. БАРНОМАИ “РУШДИ САРМОЯИ ИНСОНӢ”

Барномаи “Рушди сармояи инсонӣ” аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид маблағгузорӣ гардидааст. Дар доираи ин лоиҳа якчанд семинар, тренинг ва конфронсҳо гузаронида шуданд. Дар заминаи ҳамин лоиҳа ду китоби дарсӣ бо номи “Шохиси рушди инсонӣ” таҳия ва чоп гардиданд. Инчунин, дар доираи мавзӯи лоиҳаи мазкур дар кафедраи назарияи иқтисодӣ фанни таълимӣ ба барномаи таълимии нав таҳия ва ба раванди таълим ворид карда шуд. Дар оянда низ аз рӯйи самти мазкур бо СММ ҳамкориҳоро идома дода, ташкили лабораторияи компютерӣ дар назар аст. 


2. ЛОИҲАИ “ДАСТГИРИИ КАФЕДРАИ ФАЪОЛИЯТИ ГУМРУКӢ”

Лоиҳаи “Дастгирии кафедраи фаъолияти гумрукӣ” бо ташаббуси факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ, устодон ва мудири кафедраи номбаршуда, ки бевосита ҳамоҳангсози лоиҳаи мазкур мебошад ва бо дастгирии Раёсати донишгоҳ амалӣ гашта истодааст. Лоиҳаи аз тарафи Сафоратхонаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ гардида, дар асоси он бояд ду нуқтаи гумрукии омӯзишӣ бо лавозимоти зарурӣ ташкил карда шавад. Ҳоло дар доираи ин лоиҳа ва давраи тайёрӣ барои иҷрои он устодони факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ дар тренингҳо ва семинарҳое, ки аз тарафи лоиҳа гузаронида мешаванд, иштирок менамоянд. 


3. ЛОИҲАИ ИТТИҲОДИ АВРУПО «LOT:1 ДАСТГИРИИ САМТҲОИ АЛОҲИДАИ ИСЛОҲОТИ ИДОРАКУНИИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ EUROPE AID/134384/DH/SER/ TJ» ДАР ДОНИШКАДАИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН 

Аз соли 2015 Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «LOT:1 Дастгирии самтҳои алоҳидаи ислоҳоти идоракунии молияи давлатии EuropeAid/134384/DH/SER/TJ» дар Донишгоҳ (ҳамонвақта донишкада) фаъолияти худро оғоз намуд, ки мақсади он дастгирии ислоҳоти идораи молияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Лоиҳаи мазкур дар давоми се сол амалӣ гардида, дар доираи татбиқи ин лоиҳа моҳи июли соли 2015 барои таъмини базаи моддию техникии донишгоҳ таҷҳизоти техникии таълимии замонавӣ ворид карда шуд. Дар баробари ин дар доираи лоиҳа якчанд семинарҳо, тренингҳо ва вохӯриҳо, инчунин, бо дастгирии лоиҳаи мазкур ду конференсияи байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои хориҷӣ баргузор карда шуд. Дар доираи лоиҳа 17 нафар устодони донишгоҳ барои омӯзиши амиқи соҳаи идораи молияи давлатӣ бо истифода аз амсиласозии математикӣ ба машғулиятҳо фаро гирифта шудаанд. Бо мақсади тақвияти фаъолияти илмию тадқиқотии устодон ва магистрону докторантон бо дастгирии Лоиҳаи мазкур Маркази “Think Tank” таъсис дода шуда, аъзоёни ҳамин марказ ба шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса ва аҳри Москваи Федератсияи Россия сафари омӯзишӣ анҷом доданд. 


4. ЛОИҲАИ USAID ОИД БА ИСЛОҲОТИ ЗАМИН ВА ТАҶДИДИ ХОҶАГИҲОИ ДЕҲҚОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН 

Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ва таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии донишгоҳ татбиқ карда мешавад. Лоиҳа бо мақсади расонидани кумак ва дастгирии рушди минбаъдаи раванди таҷдиди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва татбиқ карда шуда, дар ин замина курсҳо ва семинарҳои омӯзишӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Дар баробари ин маводҳои илмӣ ва методии зимни татбиқи Лоиҳа ба дастомада дар доираи фанҳои «Асосҳои ҳуқуқи замин», «Ҳуқуқ ба моликияти замин» ва «Ҳуқуқи замин» ба донишҷӯён ва магистрантон омӯзонида мешавад. Дар доираи лоиҳаи мазкур ба кафедра 1 адад компютери рӯимизӣ, як принтери 3/1, барномаи электронии “Адлия”, ки дар он ҳамаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва байналмилалӣ сабт гардиданд ва маблағи 9 000 сомонӣ тақдим карда шуд. Инчунин, дар доираи лоиҳа дар донишгоҳ бо иштироки намояндагони лоиҳа ва Барномаи USAID 4 курси омӯзишӣ барои донишҷӯён гузаронида шуда, ду китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо номи «Ҳуқуқи замин» (бо забони тоҷикӣ ва русӣ) таҳия карда шуд. 


ФАЪОЛИЯТИ ДДМИТ ДАР БАРНОМАИ ERASMUS+ 

Донишгоҳ дар лоиҳаҳои байналмилалии омӯзишӣ, аз ҷумла Erasmus+ (собиқ Темпус)-и Комиссияи Аврупо низ фаъолона иштирок менамояд. Аз соли 2010 инҷониб донишгоҳ дар ин барнома ширкат варзида, якчанд лоиҳаҳоро пешниҳод намудааст. Аз соли 2011 то соли 2015 дар донишгоҳ лоиҳаи “Институти идораи стратегии донишгоҳҳо”-и Барномаи Темпус амалӣ карда шуд. Ҳоло, дар доираи ин барнома дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи техникии ба номи М.Осимӣ як лоиҳа ва дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон як барномаи дигар коркард ва пешниҳод гардидааст, ки дар ҳолати баррасӣ қарор дорад. Бо мақсади омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳо ва дарёфти грантҳо ва бурсияҳои байналмилалӣ аз тарафи шуъба фонди лоиҳаҳо, грантҳо ва бурсияҳо барои устодон ва донишҷӯён (FUNDRISING) таҳия гардидааст, ки барои густариши ҳамкориҳо мусоид хоҳад кард.


Лоиҳаҳо

Грантҳо

Бурсияҳо

1

Бонки ҷаҳонӣ

Фулбрайт

Иқтидори илмӣ

2

Эрасмус+

Иқтидори илмӣ

Фонди Хилл

3

Иқтидори илмӣ

Фонди байналмилалии тадқиқоти таълимӣ

Мактаби муҳокимавии тобистона GAIDPARK

4

Шуъбаи гуманитарӣ ва илмҳои ҷамъиятӣ

Назария ва амалӣ

Барномаҳои иқисодӣ-иҷтимоӣ ва интеллектуалӣ

5

Фонди илмии Россия

Грантист

Барномаи таълимии фонди Кербера

6

Шӯрои Бритониё

Нури Олед

Фондҳои "Ҷамъияти Кушод" (SOROS)

7

Консорсиуми занона иттиҳодияҳои ғайридавлатӣ

Фонди Макартуров

Фонди хайриявӣ ба номи В.Потатина

8

Фонди хайриявӣ ба номи В.Потатина

Фонди "Ҷамъияти Кушода" (SOROS)

9

Фонди миллии дастгирии соҳибҳуқуқ

Фонди хайриявӣ ба номи В.Потатина

10

Фонди ҷамъитии минтақавӣ информатика барои демократия

Фонди Горчакова

11

Фонди рӯшди ҷомеаи шаҳрвандӣ

Ҷаҳони Рус

12

Фонди рушди демократия

13

Маркази стратегии коркардҳои шимолу ғарб

14

Фонди  рисолати либералӣ

15

Фонди Михаил Прохоров

16

Фонди Нева Тимченко

18

Бунёди мадад ба ҳалли мушкилоти аутизма дар Русия