Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Шуъбаи иттилоот ва нашрия

Дар назди раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ шуъбаи иттилоот ва нашрия (пештара Шуъбаи табъу нашр) ташкил шудааст, ки он бо фармоиши ректори донишгоҳ ва роҳбарии бевоситаи муовини ректор оид ба илм фаъолият менамояд. Аз ҷониби Шурои олимони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои тезонидани суръати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва зиёд намудани иқтидори илмӣ-педагогии донишгоҳ ва тарғибу муаррифӣ, ташкил ва натиҷагирӣ, шуъба фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Баробари таъсис додани шуъбаи иттилоот ва нашрия Низомнома, дастурамали вазифавии сардори шуъба, дастурамали вазифавии сармуҳаррир ва дастурамалҳои вазифавии муҳаррирон, дастурамали вазифавии мухбир-суратгир, дастурамали вазифавии мутахассиси сомонаро тартиб дода шуда, аз рӯи онҳо фаъолияти кормандони шуъба ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти шуъбаи иттилоот ва нашрия гуногунҷабҳа буда, дар он маводи таълимӣ, таълимию методӣ, тарбиявӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла барнома, воситаи таълимӣ, дастури таълимию методӣ, коркарди методӣ, китоби дарсӣ, монография, маҷмуа ва ғайра, ки аз ҷониби кафедраҳо ва сохторҳои донишгоҳ ворид мешаванд, таҳрир гардида, ба Шурои илмӣ-методии донишгоҳ пешниҳод мегарданд.

Шуъбаи иттилоот ва нашрия таҳия ва нашри рӯзномаи «Молия ва иқтисод», ҷамъоварӣ, коркард, таҳрири мақолаҳои илмӣ ва назорату навсозии маводи дар сомонаи донишгоҳ ва сомонаи фейсбукӣ нашршавандаро ба уҳда дорад. Илова бар ин, аксбардории чорабиниҳои муҳими донишгоҳӣ низ ба зиммаи кормандони шуъба вогузор гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки мувофиқи тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти интишорӣ, ки бо иҷозати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, рӯзномаи «Молия ва иқтисод» бо Шаҳодатномаи таҳти №300/РЗ аз 12 апрели соли 2022 фаъолияташро идома дода истодааст.

Бояд гуфт, ки шуъбаи иттилоот ва нашрия вобаста ба талабот ва шароит нақшаи нави кориро барои соли 2025-2026 таҳия ва тасдиқ карда, дар асоси он корро пеш мебарад. Моҳе як маротиба ҷаласаи назди сардори шуъба баргузор мегардад, ки дар он аз рӯи нақшаи солонаи тасдиқшуда масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Ҳамчунин, дар рӯзномаи ҷаласа супоришҳои раёсат ва дигар масъалаҳои дахлдор ҷой дода мешаванд.


КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ ИТТИЛООТ ВА НАШРИЯ


Ба шуъба мутахассис ва муҳаррирони касбии соҳаҳои гуногуни илм бо малакаи хуби забондонӣ, асосан забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, журналистони касбӣ ҷалб карда шудаанд. Шуъба дар ҳайати зерин фаъолият мекунад:

1. Очилдиев М.М. - сардори шуъба;

2. Ҷобиров Н.М. - сармуҳаррири рӯзномаи «Молия ва иқтисод»;

3. Ҳакимова Р.Н. - муҳаррири бахши тоҷикӣ;

6. Ятимзода А.Я. - сармутахассиси сомона;

8. Эшзода Т. - мухбир-суратгир.