Эълонҳо
Ба таваҷҷуҳи:
Сардорони шуъбаҳо, садорати факултаҳо, мудирони кафедраҳо ва дигар масъулини сохторҳои ДМИТ мерасонем, ки шуъбаи табъу нашр тасмим гирифтааст, ки дар соли 2019 тавассути маҷаллаи «Паёми молия ва иқтисод» мақолаҳои илмии арзишманди устодонро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба табъ расонад.
Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар гирдоварӣ ва пешниҳоди мақолаҳои беҳтарин мусоидат намоед.
Мақолаҳоро дар шакли чопӣ ва электронӣ ба шуъбаи табъу нашри Донишгоҳ (Бинои III, утоқи 301) пешниҳод намоед.
Тартиб ва талаботи таҳияи мақолаҳои илмӣ дар замима оварда шудаанд.
Ҳайати таҳририяи маҷаллаи
«Паёми Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон»
Ба таваҷҷуҳи муаллифон
Дар маҷаллаи «Паёми молия ва иқтисод» мақолаҳое, ки натиҷаҳои тадқиқотҳои илмӣ оид ба фанҳои табиӣ, гуманитарӣ ва иқтисодиро дарбар мегиранд, чоп мешаванд.
Мақолаҳо дар давоми сол қабул карда мешаванд. Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки мақолаҳои илмиро интихоб ва ихтисор намояд.
Маводе, ки дар нашрияҳои дигар чоп шудаанд ва ё дар арафаи чопанд, қабул карда намешаванд.
Мақолаҳои пешниҳодшаванда бояд ҷавобгӯи чунин талаботҳо бошанд:
1. Ҳаҷми мақола якҷоя бо расм, нақша, рӯйхати адабиёт ва матни аннотатсия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ бояд аз 10 саҳифаи компютерӣ зиёд набошад.
2. Мақолаҳо дар шакли электронӣ ва дар шакли чопӣ (1 нусха) пешниҳод карда шаванд.
3. Дар саҳифаи аввали мақола УДК, ному насаби муаллиф (муаллифон), унвони илмӣ, вазифа, ҷои кор ва суроға (рақами телефон, Е-mail), номи пурраи ихтисос, аннотатсия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ (на кам аз 5 сатр) ва калидвожаҳо (то 10 калима бо риояи нуқта-вергул) нишон дода шаванд.
4. Мақолаҳо дар системаи Miсrosoft Word бо чунин тарз: мақолаҳои тоҷикӣ бо гарнитураи Times New Roman Tj, русӣ бо гарнитураи Times New Roman, андозаи ҳуруфи матни асосӣ – 14, рӯйхати адабиёт – 12, фосилаи байни сатрҳо – 1 см, сархат аз гӯшаи чапи варақ бо андозаи – 1,25 см. фосилаҳо аз боло – 3 см, аз поён – 2,5 см, аз чап – 3 см, аз рост – 2 см., пешниҳод шуда, ҳамаи саҳифаҳо рақамгузорӣ карда шаванд.
5. Мақола бо аннотатсия ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ҷамъбаст ва он бояд муҳтавои асосии мақоларо амиқ дарбар гирифта, дар шакли алоҳида ба нашр мувофиқ бошад.
6. Иқтибосҳо дар дохили қавсҳои чоркунҷа, ба мисли [1] оварда мешаванд. Рӯйхати адабиётҳо дар охири мақола бо нишон додани ҳаҷми умумии саҳифаҳои сарчашма ва аз рӯи алфавит оварда мешавад.
7. Мақолаҳои илмии пешниҳодшаванда бояд хулосаи коршинос ва тақризи мутахассисонро барои имкони чопи мақола дошта бошанд.
8. Матни мақола бояд саҳеҳу мукаммал ва дар шакли ниҳоӣ пешниҳод гардад.
Ҳайати таҳририя ҳуқуқ дорад, ки мақолаҳои илмиро ихтисор ва таҳрир намояд. Мақолаҳое, ки ба талаботҳои мазкур ҷавобгӯ нестанд, қабул карда намешаванд.