Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Кормандон


Очилдиев.jpg


Сардори шуъбаи табъу нашр

Очилдиев Маҳмадалӣ Махсатуллоевич (Муҳаммадалӣ Мақсадуллоҳ)


Санаи таваллуд

5 июли соли 1972

Шаҳрвандӣ

Тоҷикистон

Ваъи оилавӣ

Оиладор соҳиби 4 фарзанд

Суроғаи хона        

ш. Душанбе, к. Р. Набиев 20. Ҳуҷраи 16

Телефон

Эл. почта

93 428 88 55

m_mahmadali@mail.ru

1978-1989

Маълумоти миёна

1989-1994

Университети давлатии Тоҷикистон

1990-1994

Хабарнигори ҷамоатии рўзномаҳои «Тоҷикистони Шуравӣ», «Сухан», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҳафт ганҷ»

1994-1998

Муаллими забони форсии Донишгоҳи Озоди Тоҷикистон

1998-1999

Муҳаррири шуъбаи форсии Радиои Тоҷикистон

1999-1999

Муаллими забон ва адабиёти тоҷики мактаби миёнаи №15-и ш. Душанбе

1999-1999

Котиби масъули ҳафтаномаи «Крим-инфо»

1999-2000

Муҳарририҳафтаномаи «Тоҷикистон»

2000-2003

Сармуҳарририҳафтаномаи «Оила»

2003-2010

Муовинисармуҳаррир, муҳарриримасъул, сармуҳарририҳафтаномаи «Тоҷикистон»

2010-2018

Сармуҳаррири ҳафтаномаи «Чархи гардун»

2018-2020

Котиби масъули Шурои ВАО ҶТ

2020 - 2021

Сармуҳаррири рӯзномаи “Паёми шифо”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

2021-2022

Муовини директори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон

2022-2023

Сармуҳаррири рӯзномаи “Фараж”

1996

Маълумоти иловагӣ

Узви Итифоқи журналистони Тоҷикистон

2000

Аълочии матбуоти Тоҷикистон

2005

Аълочии фарҳанги Тоҷикистон

2013

2016

2022

Ѓолиби озмуни «Волидайни беҳтарини сол» дар ш. Душанбе

Дорандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Донистани забонҳо:

Тоҷикӣ, русӣ

Кор бо компютер

Word, АDOP












Tuychizoda250x250.jpg

Тағоймурод Эшзода (Эшов) 11-уми декабри соли 1966 дар деҳаи Шоли болои ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳии шаҳри Ҳисор дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна солҳои 1984-1988 дар собиқ колхози «Москва» ба ҳайси оташнишон кор карда, солҳои 1986-1988 дар Ҷумҳурии Белоруссия дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди ШУравӣ хизмат намудааст. Соли 1988 ба факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шуда, онро соли 1993 бо ихтисоси журналист хатм намуд. Соли 1992 байни донишҷӯёни факултети журналистикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон аввалин гирандаи стипендияи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардид. Аз соли 1993 то соли 1995 дар нашрияи расмии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба ҳайси хабарнигори махсус ифои вазифа менамояд. Баъдан, дар Нашриёти полиграфии шаҳри Душанбе ба ҳайси муҳандиси техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳифзи меҳнат ва дар Нашриёти муосири «Ганҷ» дар вазифаи мутахассиси техникаи бехатарӣ кор кардааст.

Аз 1-уми декабри соли 2021 то инҷониб дар шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ ба вазифаи муҳаррир-суратгир фаъолият намуда истодааст.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.




















Хакимова250x250.jpgҲакимова Раъно Назриевна 1-уми декабри соли 1971 дар ноҳияи Ваҳдат дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Аз соли 1979 то соли 1987 дар мактаби миёнаи №43 шаҳри Ваҳдат таҳсил намудааст. Соли 1991 дар мактаби асосии №100 ба ҳайси сарвари пешоҳангон фаъолияти кории худро оғоз бахшид. Маълумоташ олӣ. Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ.

Дар баробари таҳсил аз соли 1993 то соли 2009 фаъолияти омӯзгориашро дар мактабҳои миёна давом дода, аз соли 2009 то соли 2011 дар Коллеҷи кӯҳии ба номи Сороҷон Юсупова, воқеъ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҳайси сардори шуъбаи таълим фаъолият намудааст. Солҳои 2011-2013 дар вазифаи ҷонишини директор оид ба тарбияи мактаби миёнаи умумии №100. Айни ҳол муҳаррири шуъбаи иттилоот ва нашрияи ДДМИТ.

Оиладор, соҳиби ду фарзанд.



















Мачидова250x250.jpg

Ҷобиров Наврӯз Мирзомуродович 14 марти соли 1989 дар шаҳри Ваҳдат дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2007 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо хатм намуда, сипас ба факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Тӯли 5 соли таҳсил бо нашрияҳои даврӣ ҳамкориро ба роҳ монда, пайваста дар мавзуъҳои фарҳангиву иҷтимоӣ ва сиёсиву иқтисодӣ матлабҳо ба нашр мерасонид. Пас аз хатми ДМТ соҳиби ихтисоси журналисти байналмилалӣ гашта, дар ҳафтаномаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии «Қонун ва ҷомеа»-и ВКД аввалан ба ҳайси хабарнигор, сипас то 25-уми августи соли 2025 дар вазифаи муҳаррири шуъба адои вазифа намудааст. Номбурда аз моҳи сентябри соли 2016 дар нашрияи «Молия ва иқтисод»-и ДДМИТ чун муҳаррири бахши тоҷикӣ (ҳамкори беруна) ба фаъолият пардохтааст. Аз 26-уми августи соли 2025 сармуҳаррири рӯзномаи донишгоҳии «Молия ва иқтисод»-ро ба дӯш дорад.
Мавсуф муаллифи мақолаҳои зиёди оммавию маърифатӣ мебошад.
Аз соли 2012 аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аз соли 2016 Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Наврӯз Ҷобиров тули солҳои фаъолият дар чандин озмунҳо ширкат варзида, дорои Сипоснома ва Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.