Маросимҳо
Муҳтарам Шукрулло Хайрзода !
Шуморо бо фарорасии 35-умин солгарди фархундазодрӯзатон табрик намуда, ба шумо аз даргоҳи Худованд саломатӣ, сарбаландӣ ва хуширо орзумандем. Ба Шумо дар иҷрои корҳои созандаю ободонӣ муваффақиятҳои нав ба нав таманно дорем.
Бигзор, меҳр андар чароғи дилатон фурӯзон, ханда дар лабатон чун гулҳои боғи Ирам шукуфон ва орзуву ниятҳоятон ҳамеша ҷомаи амал пӯшад. Ҳамеша чунин сиҳатманду саодатманду ҷӯёву кӯшо бимонед!
Хоҳем, ки туро ҳамеша хандон бинем,
Дар хонаи ту файзи фаровон бинем.
Дар дил ба ҳар умед, ки дорӣ, бирасӣ,
Мо шодию бахти хеш дар он бинем.
Бо самимият, кормандони Шуъбаи табъу нашр