Маросимҳо
Манучеҳр Диловарови муҳтарам!
Шуморо бо ҷашни мавлуди муборакатон самимона шодбош мегӯем. Дар ин рӯзи саид таманно дорем, ки ҳамеша дар ҳалқаи оила, дўстону наздиконатон тансиҳату хонаобод ва хушиқбол бошед.Бо беҳтарин таманниёт орзу мекунем, ки гуворотарин лаҳзаҳои ҳаёт насибатон гарданд.
Ба ифодаи шеър:
Намегӯем, чу Саъдӣ пир гардед,
Ки аз умри зиёд дилгир гардед.
Каму беши ҳаёт дар дасти мо нест,
Вале хоҳем, ки ботадбир гардед.
Бо самимият кормандони шуъбаи табъу нашр