Маросимҳо
Муҳтарам Баҳром Сафаров!
Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ бимонад ва меҳр андар чароғи дилатон фурӯзон, ханда дар лабатон чун гулҳои боғи Ирам шукуфон ва орзуву ниятҳоятон ҳамеша ҷомаи амал пӯшанд. Хоҳони онем, ки бо дастовардҳои илмии худ наздиконро шод ва ба қуллаҳои баланди эҷодӣ бирасед.
Мавлуди хуҷастаат баҳор асту баҳор,
Иқбол ба бар намуда, давлат ба канор.
Дар рӯзи таваллудат таманно дорем,
Дилдор яку умр саду шодӣ ҳазор.
Бо эҳтиром, кормандони Шуъбаи табъу нашр