Маркази такмили ихтисос
Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар заминаи Маркази такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии соҳаи молияи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта ҷузъи асосии низоми таълимӣ-методии Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон мебошад ва дар самти баланд бардоштани савияи тахассуси кормандони Донишгоҳ ва хизматчиёни давлатии соҳаи молия фаъолият менамояд.
Фаъолияти марказ, ҳамчун ташкилкунандаи курсҳои такмили ихтисоси кормандони соҳаи молия аз 3 ноябри соли 1998 оғоз ёфтааст, ки "Курсҳои такмили ихтисоси кормандони роҳбарикунанда ва мутахассисони мақомотҳои низоми молиявии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" номида мешуд.
Баъдан, аз 28 августи соли 2006 дар назди Коллеҷи молиявӣ ҳамчун "Курсҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва соли 2009 ҳамчун "Маркази такмили ихтисоси кормандони молия" фаъолияти худро идома медод.
Аз июни соли 2012, аз 6742 ташкилоту муассисаҳои буҷетии ҷумҳурӣ 153 нафар тренерон интихоб гардиданд, ки Нақшаи ягонаи ҳисобҳоро тавассути гузаронидани курсҳои омӯзишӣ (тренингҳо) ба сармуҳосибону муҳосибони ташкилоту муассисаҳои ҷумҳурӣ омӯзониданд.
Дар тули 7 сол, яъне аз соли 2006 то 2012 дар марказ ҳамасола 4 курс ва 4 семинар гузаронида мешуд, ки дар тули дар умум 56 курсу семинарҳоро ташкил медод ва аз такмили ихтисос 1568 нафар кормандони соҳаи молия гузаштанд.
Аз соли 2015 то ин ҷониб бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2015, таҳти №187 номи марказ "Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон" гардид ва фаъолияти марказ дар доираи самтҳои зерин амалӣ мегардад:
1. Амалӣ сохтани барномаҳои таълимӣ, методӣ ва илмӣ барои кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии курсҳо аз рӯи номгӯи васеи курсҳо;
2. Тайёр намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳибкасби соҳаи молияву иқтисод, хизматчиёни давлатӣ ва кормандони илмӣ-педагогӣ;
3. Гузаронидани курсҳои иловагии ройгон ва пулакӣ;
4. Амалӣ намудани фаъолияти таълимӣ-методӣ, рекламавӣ ва нашриётӣ.
Гузаронидани курсҳои омӯзишӣ барои муҳосибони муассисаю ташкилотҳо аз ҷониби тренерон дар се марҳила: якум – омӯзиши ҷадвали гузариш аз ҳисобҳои кӯҳна ба ҳисобҳои нав, дуюм –омӯзиши мукотиботҳои муҳосибӣ тибқи Нақшаи ягонаи ҳисобҳо ва сеюм – тартиби таҳия намудани ҳисоботҳои молиявӣ сурат гирифтаст.
Курсҳо вобаста ба тренерҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, кормандони мақомоти маҳалии хазинадорӣ, Кормандони Раёсати дахлдори Палатаи ҳисоб ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони кафедраҳои баҳисобгирии муҳосибии муассисаҳои олии таълимӣ ва инчунин сармуҳосибони тақсимкунандагони асосии маблағҳои буҷетӣ (ГРБС) алоҳида ва ба таври марҳилавӣ гузаронида шуданд.
Ба шунавандагон дар натиҷаи ҷамбасти курсҳо ва аз худ кардани барномаи таълимӣ сертификат дода мешавад.
Аз соли 2013 то 2015 миқдори шунавандаҳо афзоиш ёфт ва 2159 кормандони Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон аз курсҳои такмили ихтисос гузашта дорои сертификатҳо гаштанд.
Дар се соли фаъолият дар Маркази такмили ихтиоси ДМИТ курсу семинару машваратҳо мувофиқи нақша фаро гирифтаанд. Курсҳо аз рӯи мавзӯҳои зерин: «Кори хазинадории қисми даромади буҷет», «Кори хазинадории қисми хароҷоти буҷет», «Банақшагирии даромадҳои давлатӣ», «Банақшагирии буҷети давлатӣ», «Буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ», «Танзими фаъолияти аудиторӣ», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Банақшагирии буҷет оид ба сиёсати буҷет дар соҳаҳои иқтисодиёт» ва ғайра ба роҳ монда шуданд.
Инчунин дар доираи лоиҳаҳои грантӣ курсҳо аз рӯи мавзӯҳои «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои давлатӣ», «Иҷроиши қисми хароҷот бо назардошти вазифаҳои нави хазинадории марказӣ ва системаи SGBnet», «Тартиби истифодаи стандартҳои ҳисоботи молиявии бахши давлатӣ», «Ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ» ва семинарҳо дар мавзӯҳои «Кори хазинадории қисми даромади буҷет», «Кори хазинадории қисми хароҷоти буҷет», «Банақшагирии даромадҳои давлатӣ», «Буҷети мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ», «Идоракунии захираҳои инсонӣ», «Баҳисобгирии муҳосибӣ дар ташкилотҳои давлатӣ», «Тартиби истифодаи стандартҳои ҳисоботи молиявии бахши давлатӣ», «Ислоҳоти баҳисобгирии муҳосибӣ дар бахши давлатӣ» курсҳо гузаронида мешаванд.
Дар марказ 5 нафар кормандон, директор, сармуҳосиб, 1 нафар сармутахассис ва ду нозир фаъолияти худро тибқи Оинномаи марказ ва дастури вазифавӣ фаъолияти худро пеш бурда истодаанд.
Дар соли 2016 тибқи нақша барои командони Вазорати молия Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 курс ва 7 семинар барои пешбинӣ гардидааст.
Маркази такмили ДМИТ дорои 4 синфхонаи замонавӣ, 50 компютер ва 4 тахтаи электронӣ мебошад.
Боиси қайд мебошад, ки марказ барои гузаронидани курсҳои кутоҳмуҳлат ва миёнамуҳлат мувофиқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 марти соли 2016, № 599 иҷозатнома гирифтааст. Гузаронидани курсҳо аз рӯи самтҳои Барномаи 1С – бухгалтерия, Стандартҳои ҳисоботҳои молиявии бахши давлатӣ (нақшаи ҳисобҳои ягонаи муҳосибӣ), Стандартҳои ҳисоботҳои молиявии бахши давлатӣ (таҳия намудани ҳисоботҳо), Стандартҳои ҳисоботҳои молиявии бахши давлатӣ (ҷамбасти ҳисоботҳои молиявӣ), Молия ва иқтисод, Забони тоҷикӣ, Забони русӣ ва Забони англисӣ пешбинӣ шудаанд.
Мувофиқи Нақшаи рушди марказ барои соли 2015-2017 самти афзалиятноктарини маркази такмили ихтисоси ДМИТ ин такмили идоракунии молияи давлатӣ мебошад.
Дар ояндаи наздик Маркази такмили ихтисоси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои худ самтҳои афзалиятноки зеринро муайан намудаст:
1. Ба сатҳи дигар гузаштани фаъолияти марказ, ки дар васеъ намудани барномаҳои такмили ихтисос барои кормандони мақомотҳои молия ва устодони донишгоҳ оиди самтҳои татбиқи ислоҳоти ИМД ифода ёфтааст;
2. Бо сабаби васеъ гаштани самтҳои барномаҳои омӯзишӣ, ҷорӣ намудани усули каскадии таълим ва омӯзиши фосилавӣ, коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим;
3. Мукаммалгардонии низоми банақшагирӣ ва баланд бардоштани самаранокии идоракунии раванди таълими Марказ, аз он ҷумла алоқа бо низоми идоракунии захираҳои кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4. Раванди таълимиро бо ҳайати баландихтисоси устодон ва кормандони маъмуриву идоракунанда таъмин намудан;
5. Инкишофи таъминоти методӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим;
6. Инкишоф ва азнавкунии базаи моддиву техникие, ки раванди таълимро мутобиқи талаботҳои замонавию ҷаҳонӣ ба сатҳи баланди зарурӣ оварда мерасонад.
7. Ҳамкорӣ бо созмонҳои ХБА ва бонки умумиҷаҳонӣ дар самти ташкили Маркази такмили ихтисоси минтақавӣ дар заминаи марказ.
Бояд қайд намуд, ки бо қарори Шӯрои олимони ДМИТ аз таърихи 29.08.2016 таҳти №1/3.3 дар шаҳрҳои Қурғонтеппа, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ ва дар минтақаи Рашт панҷ намояндаи Марказ аз якуми январи соли 2017 мавриди амал қарор мегиранд.