Шӯъбаи умумӣ
Суроға:734067, ш. Душанбе, кӯчаи Нахимов 64/14
Мудири шӯъбаи умумӣ:
Нурова Илолбӣ Юнусовна
Телефон:
(+99237) 884-24-65
E-mail:
tgfeu@tgfeu.tj
Н И З О М Н О М А И
Шӯъбаи умуми муассисаи тасҳилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касби ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳукукии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1. Қоидаи умумӣ
1. Шӯъбаи коргузори сохтори мустақили муассисаи таҳсилоти олиии касби буда фаъолияти он дар асоси Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур ба роҳ монда мешавад.
2. Шӯъбаи коргузори вобаста ба теъдоди кормандон ва хаҷми кор метавонад бахшҳои зеринро созмон дихад : умумӣ, ирсоли мактубхо, хисобу бақайдгирии мактубҳо, назорат , таҳияи фармонҳо ҳуруфчуниҳо, бойгони ва ғайра. Воҳиди кории шӯъбаи коргузори бо пешниходи ректори муассисаи таҳсилоти олии касби дар мувофиқа бо муассис вобаста ба теъдоди умумии коргарон, фонди музди мехнат ва маблағгузори бо хараҷоти маъмури –идоравӣ тасдиқ карда мешавад.
2. Вазифаҳои асосӣ:
2.1. Ба роҳ мондан ва такмил додани коргузори дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;
2.2. Ташкили дурусти ҳисоб ва ба қайдгирии мактубҳо ;
2.3. Назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатҳо ва фармоишҳои ташкилоти болои, роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва аризаю пешниҳодҳои шаҳрвандон;
2.5. Шӯъбаи коргузориро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири шӯъбаи коргузорӣ аз тарафи ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.
3. Мудири шӯъбаи коргузори ҳуқуқ дорад:
- масъалаҳои коргузориро ба роҳ монда, иҷрои ҳуҷҷатҳоро назорат намояд ;
- аз болои кори бойгонӣ назорат бурда, ба он супориш дихад ;
- аз дигар шӯъбаҳои сохтори оид ба иҷрои хуҷҷатҳо, пешниҳоду аризаҳои шаҳрвандон ҳисобот талаб намояд.
3.1. Шӯъбаи коргузори дорои муҳри муддавари бенишон буда, он дар ихтиёри мудири шӯъба қарор мегирад.
4. Уҳдадориҳои мудири шӯъбаи коргузорӣ:
- қабулу ирсоли ҳуҷҷат ва мактубҳо ;
- бақайдгирии саривақти, ҳисобу ҷобаҷогузорӣ ва бо роҳбарияти муассисаи таҳсилоти олиии касбӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷату аризаҳои шаҳрвандон, назорати доимӣ аз болои иҷрои онҳо ;
- бо фармону дастурҳо шинос намудани кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- ба роҳбарият пешниҳод намудани маълумот оид ба коргузорӣ ва назорат аз болои иҷрои он;
- кӯмаки методӣ оид ба тарзи коргузорӣ дар сохторҳои дигари муасссисаи таҳсилоти олии касбӣ;
- пешниҳоди мушаххас оид ба такмили ҳуҷҷатнигорӣ, ворид сохтан ва истифода бурдани технологияи нав дар шуъба ;
- такмили ихтисос, таҳияи дастурҳо оид ба вазифаҳои хидматии кормандони шӯъбаи коргузорӣ.