Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»

Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳкими самти асосҳои илмии сиёсати молиявӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2003, №46 ва Фармоиши Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2004, №78 Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-ро таъсис дод. Мақсад аз таъсиси пажуҳишгоҳ ин тадқиқ, ва ташаккули сиёсати молиявию иқтисодии кишвар саҳми назаррас дошт. Бояд қайд намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани самаранокии тадқиқотҳои илмӣ Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели соли 2015, таҳти рақами 187 ба Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмию Тадқиқотии “Молия”-и Донишкадаи Молия ва Иқтисоди Тоҷикистон бо рақами ягонаи мушахас дар равзанаи ягонаа ҶТ ба қайд гирифта шуд. 

Ба ҳайси директори ПИТ “Молия” солҳои 2003-2012 Раҳмонов А., солҳои 2013-2014 Раҳматов С., солҳои 2014-2015 дотсент Буриева М., аз моҳи январи соли 2016 то моҳи июни соли 2018 д.и.и профессор Кошонова М.Р фаъолият намуданд. Ҳоло бошад директори ПИТ “Молия” н.и.и., дотсент Ҷумъабоев Х. мебошад. 

Фаъолияти умдаи Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»-и Донишкадаи Молия ва ИқтисодиТоҷикистон (ПИТ “Молия”) ба таҳияи асосҳои илмии соҳаи молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, дар доираи он иҷроиши як қатор вазифаҳо, аз ҷумла, тадқиқ ва таҳияи асосҳои илмии сиёсати буҷавию андозбандӣ, молиявию қарзӣ ва инвеститсионӣ, танзими натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ аз руи масъалаҳои муҳимтарини рушди молия ва иқтисодиёти миллӣ, тадқиқи илмии вазъи молиявии бозори дохилӣ, баҳодиҳӣ ба омилҳои берунаи ба ҳолати молиявию иқтисодӣ таъсиркунанда бо мақсади таҳияи пешниҳодот ҷиҳати таъмини бозори ватанӣ бо маҳсулоти худӣ, омодасозии маърузаҳои таҳлилӣ вобаста ба самаранокии фаъолияти сохторҳои молиявии кишвар, омузиш ва дастрасии таҷрибаи рӯ ба инкишофи ҷаҳон дар самти татбиқи ислоҳоти молиявию иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва тарҳрезӣ шудаанд. 


Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» бо мақсади таҳким бахшидан ба равандҳои рушди молиявию иқтисодии кишвар ва дастраси мутахассисони соҳавӣ гардонидани навгониҳои илмиву пажӯҳишии соҳаи молияву иқтисод, мунтазам ҳам дар сатҳи байналмилалӣ ва ҳам дар сатҳи ҷумҳуриявӣ баргузории конфронсу семинарҳоро аз рузҳои аввали таъсисёбӣ то имруз дар мавзӯъҳои гуногуни ҳалталаби давр ташкил мекунад. 

Бо мақсади дастрасӣ ва тезонидани раванди забономузӣ Пажуҳишгоҳ дар таҳия ва интишори «Луғати тафсирии англисӣ-тоҷикӣ ва тоҷикӣ-англисии мафҳумҳои иқтисодӣ» ва «англо-русский и русско-английский толковый словарь экономических терминов» чоп намуда, дастраси истифодабарандагон намуд. Бар замми ин масъалаҳо тибқи нақшаи корӣ ва дастури супоришҳои Вазорати молия дар соли 2016 ПИТ «Молия»-и ДМИТ“Низомномаи калкулятсияи арзиши аслии маҳсулот (кору хизматрасонӣ) дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия намуд. 

Бояд қайд намуд, ки солҳои охир ПИТ “Молия” дар ҳамкори бо Маркази ақлҳои ДМИТ дастовардҳои илмӣ-тадқиқотиро муттасил дар шакли дастуру тавсияҳои методӣ, аз ҷумла, Бюллетени « Мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дастрасӣ мутахассисон гардонд. Бюллетени « Мониторинги рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар се моҳ ба чоп мебарояд ва қисмати дуюми он ба зиммаи ПИТ “Молия”-и ДМИТ вогузор гардидааст. 


Натиҷаҳои тадқиқоти илмии кормандони ПИТ «Молия» мунтазам дар шакли мақола дар матбуоти даврӣ ва соҳавӣ ба чоп расонида мешаванд, ки то имруз беш аз 200 мақолаи илмӣ дар маҷаллаву маҷмӯаҳои гуногуни илмӣ ба табъ расидаанд. 

Дар давоми сол аз тарафи директор ба корҳои дисертатционии, Давлатов Мехроҷиддин Хайриддинович “особенности развития семейной экономики и домашнего труда в условиях рынечной экономики (на материалах Республики Таджикистан)”, Набиева Давлатбахт Мадҷидовна “Государственное регулирование рынка труда и занятости сельского населения в условиях рынечной экономики” ва Гафуров Фирузҷон Мухриддинович «формиравания и развитие инвестиционного потенциала региона» тақриз дода шуд. 

Ҳоло бошад дар Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия» ду шӯъба 

1. Молияи давлатӣ; 
2. Молияи ғайридавлатӣ таъсис дода шудааст.


Самтҳои фаъолияти пажуҳишгоҳ

1. Ташаккули базаи маълумотҳо аз руи нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ҳангоми таҳлил ва дурнамосозии макроиқтисодӣ
2. Таҳияи пешниҳодҳо оиди баровардан (кам кардан)-и минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъминнамоии субвенсӣ
3. Баҳодиҳӣ оиди самаранокии сиёсати андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
4. Баҳодиҳии гаронии андоз дар субъектҳои хоҷагидорӣ ва роҳҳои камнамоии он
5. Усулҳои суғуртавии татбиқи сиёсати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷараёнгирии ҳамгироӣ