Бо тоҷикӣ
На русском
In English
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон
The Tajik state university of finance and economics
Донишгоҳи мо
Хабарҳо
Мақолаҳо
Эълонҳо
Маълумоти умумӣ
Стратегияи рушд
Сохтор
Таърихи донишгоҳ
Шӯрои олимон
Роҳбарияти донишгоҳ
Робитаҳои байналмилалӣ
Факултетҳо
Кафедраҳо
Китобхона
Тамос бо мо
Истинодҳои муфид
Шуъбаи табъу нашр
Ба қабулшавандагон
Чаро маҳз моро интихоб менамоянд?
Комиссияи қабул
Самтҳо, ихтисосҳо, имтиҳонот
Варақаҳо ва намунаҳои санадҳо
Шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Ба донишҷӯён
Раёсати корҳои тарбиявӣ
Раёсати таълим
Шуъбаи МИСТ
Маркази тестӣ
Бахши таҷрибаомӯзӣ
Маводҳои таълимӣ
Варзиш
Шӯъбаи кор бо ҷавонон
Хобгоҳ
Илм ва навовариҳо
Раёсати илм
Номгӯи конфронсҳо
Нашр
Аспирантура
Шӯрои диссертатсионӣ
Иловатан
Шӯъбаи умумӣ
Маркази ТИК
Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии «Молия»
Маркази такмили ихтисос
Лоиҳаи "Рушди таҳсилоти олӣ"
Лоиҳаи DigEco
Фото-саёҳат
Муқовимат бо коррупсия
Об барои рушди устувор
Аккредитатсия
Санадҳои меъёрии дохилӣ
Хатмкунандагон, корфармоён ва шарикон
Форум
Хатмкардагон дар шабакаҳои иҷтимоӣ
Тақризи хатмкардагон
Почта
Факултетҳо
Кафедраҳо
Шӯрои диссертатсионӣ
Озмунҳо
Муқовимат бо коррупсия
Об барои рушди устувор
Ҷадвали дарсӣ
"Рушди таҳсилоти олӣ"
Erasmus+/DigEco
Саҳифаи асосӣ
Ба қабулшавандагон
Чаро маҳз моро интихоб менамоянд?
Ба қабулшавандагон
Чаро маҳз моро интихоб менамоянд?
Комиссияи қабул
Самтҳо, ихтисосҳо, имтиҳонот
Варақаҳо ва намунаҳои санадҳо
Шуъбаи омода намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ
Чаро маҳз моро интихоб менамоянд?
Интихоби дуруст - таъмини ояндаи нек
Ба шарофати истиқлоли давлати тоҷикон ба ҷавонони имрӯза ин қадар имтиёзу шароитҳои беҳтару бештар барои таҳсилу илмомӯзӣ муҳайё гардида. Танҳо аз донишҷӯ ҷӯёи илм будан, завқу рағбат ба он, китобхонии бештар, забономӯзиву бо технологияҳои иттилоотии муосир балад будан, кӯшишу ғайрат ва ҷасорат, умуман ҳадафи соҳибтахассус шудан талаб карда мешавад.
Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 41-то муассисаи олии таълимӣ бо пешниҳоди 300 номгӯи ихтисоси замонавӣ фаъолият дорад, ки аз ғамхории давлату ҳукумат нисбати ҷавонон ва соҳаи афзалиятноки он маориф далолат менамояд. Бешак, барои довталаби имрӯза аз байни ин миқдор таълимгоҳу ихтисосҳо дуруст интихоб намудани тахассуси худ, ки дар оянда аз рӯи он ҷои кор ёфта тавонаду аз пушти он рӯзӣ барад ва дар ниҳоди ӯ ҷавҳари касб ҷо ёбад ва аз интихоби хеш пушаймон нагардад, хеле мушкил аст. Дар аксар макотиби олии кишвар шарту шароит қариб якранг аст, вале мо метавонем бартариятҳои донишкадаи худро иброз намоем.
Аввалан, иқтисодиёти Тоҷикистон ба мутахассисони соҳибтахассус ниёз дорад ва ин нуктаро Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи баромадҳояш таъкид менамояд. Маҳз ана ҳамин гуна мутахассисони баландпоя ва соҳибмалакаро барои соҳаи иқтисод ва молия Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки муассиси он Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, омода мекунад.
Дар донишоҳ 6 факултет бо тайёр намудани 26 ихтисоси замонавии ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат фаъолият намуда, дар он устодони соҳибтаҷриба ба тадриси толибилмон машғуланд. ДДМИТ ягона донишкадаест, ки дар он Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо «Дастгирии самарабахши фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» амал мекунад, ки дар доираи татбиқи он аксари устодони донишгоҳ дар кишварҳои хориҷи дуру наздик ва дар ҷумҳурӣ курсҳои такмили ихтисосро гузашта, малакаю донишҳои такмилдодаи худро дар роҳи таълиму тарбияи донишҷӯён сарф менамоянд.
Дар донишгоҳ тамоми шароитҳои мусоид барои таҳсили толибилмон муҳайёст, аз ҷумла ҳамаи факултетҳо бо технологияҳои иттилоотии ҳозиразамон муҷаҳҳазанд, дарсҳо бо истифода аз усули инноватсионии таълим сурат мегиранд, низоми аврупоии таҳсил – низоми кредитӣ ҷорист. Донишҷӯён бо хобгоҳи дорои шароитҳои беҳтарин, ки дар шафати донишкада ҷойгир аст, таъминанд. Барои тарғиби тарзи ҳаёти солим варзишгоҳ ва ду толори варзишии муҷаҳҳаз амал мекунад.
Ногуфта намонад, ки донишҷӯёне, ки дар ҳайати тимҳои футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, гӯштину муҳорибаҳои танбатан ва як қатор намудҳои дигари варзиш шомиланд, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойҳои ифтихориро ишғол менамоянд. Илова бар ин, раёсати таълимгоҳ ҷиҳати тақвияти сатҳи фарҳангӣ-маърифатии шогирдон эътибори хоса зоҳир менамояд.
Шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва талабот дар бозори ҷаҳонии меҳнат аз мутахассисони ҷавон маҳорат ва тахассуси баланди касбӣ, дониши ҳаматарафа, ҷаҳонбинии васеъ, қобилияти мутобиқшавӣ ба шароити кунунии иқтисодиву иҷтимоӣ, малакаи баланди истифода аз технологияҳои навтаринро талаб менамояд. Таҳсил дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба шумо имкон медиҳад, ки ба ин сифату малакаҳои касбӣ соҳиб гардед.
Қоидаҳои қабули донишҷӯёнро ба ДДМИТ барои соли таҳсили 2022-2023 ва муаррифии факултету ихтисосҳои онро пешкаши
Шумо
мекунем, боқӣ интихоб аз шумост.