Ба диққати довталабон!
Давраи бақайдгирии иловагӣ аз 16 то 30 апрели соли 2017 барои довталабоне, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ аз қайд гузашта буданд, муайян карда шудааст.
Дар ин муҳлат довталабон метавонанд номгӯи ихтиссосҳои интихобшуда, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, шакл, намуд, забони таҳсил ва дигар маълумоти шахсии худро бо пардохти маблағ дар филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” ба андозаи 14,00 (чордаҳ) сомонӣ иваз намоянд. Бақайдгирии иловагии довталаб ТАНҲО дар нуқтаи бақайдгирие, ки ӯ қаблан дар он сабтином шудааст, ба роҳ монда мешавад. Аз маблағи муқарраргардида танҳо довталабоне, ки падар ва модари онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, озод мебошанд.
Маълумоти муфассалро Шумо метавонед аз сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас намоед.