Донишгоҳи давлатии молия ва иктисоди Точикистон
Шартномаи № ____
оид ба тайёр намудани мутахассиси дорои маълумоти олии касбӣ
ш.Душанбе «___» ________________соли 2018
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар шахси ректор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, ки дар асоси «Оинномаи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон» таҳти № 39 аз 31 майи соли 2012 амал мекунад ва минбаъд «ДОНИШГОҲ» ном бурда мешавад, аз як тараф ва шаҳрванд-довталаб ____________________________________________________________________________________________,
(ном, насаб ва номи падари довталаб)
ки минбаъд (пас аз супоридани имтиҳонҳо ва фармон оид ба қабул) «Донишҷӯ» ном бурда мешавад, аз тарафи дигар, дар асоси Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шартномаи мазкурро ба имзо расонидаанд.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.1. Арзиши таҳсили донишҷӯ ҳамасола дар тамоми давраи таҳсил дар аввали сол ба тариқи нақдӣ ба хазинаи донишкада ё ғайринақдӣ ба суратҳисоби донишкада пардохта мешавад.
Аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯ ҳар сол бо фармони ректор пас аз пурра супоридани санҷишу имтиҳонҳо ва пардохти маблағи таҳсил барои соли таҳсили оянда то 25 августи соли мувофиқ сурат мегирад.
1.2. Қабул ба сафи донишҷӯён дар асоси озмун бо назардошти пардохти маблағи таҳсил дар мӯҳлати тибқи шартнома муайяншуда амалӣ мегардад.
II. МАЗМУНИ ШАРТНОМА
2.1. «ДОНИШҶӮ» шаҳрванд _______________________________________________________________ ________________________________________________________________________________соли таваллуд
________________________________________________________________________________________________
(ном, насаб ва номи падари довталаб)
Ҷои истиқомат________________________________________________________________________________
шиносномааш ________________________________________________________________________________
(санаи додани шиноснома аз тарафи ШКД)
аз рӯи ихтисоси ______________________________________________________________________________
(факултет, ихтисос, шӯъбаи рӯзона ё ғоибона)
___________________________________________________________________________-ро ба ӯҳда мегирад.
III. ӮХДАДОРИҲОИ ТАРАФҲО
3.1 «ДОНИШГОҲ» ӯҳдадор аст:
- шароитҳои зарӯриро барои гирифтани дониш, малака ва таҷриба, ки мутобиқи муқарраротҳои мавҷуда пешбинӣ шудааст, ба донишҷӯ муҳайё намояд;
- донишҷӯёнеро, ки аз ноҳияҳои дурдаст қабул шудаанд, бо шарти аз ҷониби онҳо тибқи харҷномаи тасдиқгардида пардохт намудани маблағи зист (барои истифода аз қувваи барқ ва дигар намудҳои хизмати коммуналӣ) вобаста ба имкониятҳои донишкада, бо хоҳиши онҳо дар давраи таҳсил бо хобгоҳ таъмин намояд;
- дар асоси стандарти давлатии таҳсилот омӯзиши фаннҳои ҳатмию интихобӣ ва таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ва пеш аз ҳимояи рисолаи хатмкунӣ (дипломӣ)-ро мувофиқи нақшаи таълимии ихтисоси мувофиқ ташкил намуда, донишҷӯро ба хусусиятҳо, шарту шароити кори ояндааш шинос намояд;
3.2 «ДОНИШҶӮ» ӯҳдадор аст:
-пас аз гирифтани огоҳнома дар хусуси бо муваффақият супоридани имтиҳонҳои қабул ва гузаштан аз озмун, дар муддати ду ҳафта, вале на дертар аз 25 август арзиши солонаи таҳсилро, ки мувофиқи сметаи хароҷот барои як донишҷӯ_____________________________сомониро ташкил медиҳад, ба суратҳисоби «ДОНИШГОҲ» гузаронад (ё бо пули накд ба хазинаи «ДОНИШГОҲ» супорад). Дар ҳолати аз тарафи «ДОНИШҶӮ» иҷро накардани ин шарти шартнома «ДОНИШГОҲ» ҳуқуқ дорад, ки аз ҷониби худ шартномаро бекор намояд.
-ҳамаи намуди донишҳои касбиро, ки тахассуси касбиаш талаб мекунад, аз худ намояд;
-бе сабабҳои узрнок аз машғулиятҳо дер намонад;
- саривақт маблағи таҳсили шартномаро пардохт намояд;
- дар раванди таълим аз телефонҳои мобилӣ истифода набарад ва бо мошини шахсӣ ба донишкада наояд;
-қоидаҳои тартиботи дохилии донишкада ва хобгоҳи донишкадаро риоя намояд;
-ба донишкада бо либоси расмии мувофиқи низомномаи Вазорати маориф муқаррарнамуда ҳозир шавад;
- дар дохили бинои таълимӣ, хобгоҳ, роҳрав ва толорҳои донишкада носу сигор истифода набарад, нӯшокиҳои спиртиву маводи мадҳушкунанда истеъмол нанамояд ва бо садои баланд сухан нагуяд;
-дар сурати аз фанҳои алоҳида баҳои ғайриқаноатбахш гирифтан, ин фанро аз нав пурра омӯзад ва хароҷотро мувофиқи харҷнома пардохт намояд;
-дар корҳои ҷамъиятии факултет ва донишкада иштирок намояд.
3.3 ВОЛИДАЙНИ ДОНИШҶӮ _______________________________________________ӯҳдадор аст:
-дар давраи таҳсил дар баробари донишгоҳ дар таълиму тарбияи донишҷӯ масъул бошанд;
-дар давоми ҳар як нимсола аз вазъи таҳсил, интизом ва дарсазхудкунии донишҷӯ аз деканати факултет маълумот гирад.
IV. МАСЪУЛИЯТИ ҶОНИБҲО
4.1. «ДОНИШГОҲ» ва «ДОНИШҶӮ» барои иҷро накардан ё ғайриқаноатбахш иҷро намудани шартҳои баёншуда дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгаранд.
4.2. Дар ҳолати пеш аз мӯҳлат бо гуноҳи таълимгиранда аз тарафи «ДОНИШҶӮ» ё «ДОНИШГОҲ» бекор донистани шартномаи мазкур, маблағи барои таҳсил пардохташуда баргардонида намешавад.
V. МӮҲЛАТИ АМАЛИ ШАРТНОМА
5.1. Тағйири додани шартҳои шартнома ё бекор донистани он бо розигии тарафайн мувофиқи қарордоди алоҳидае, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҳамин шартнома мебошад, ба амал бароварда мешавад.
5.2. Шартнома баъди аз тарафи ҷонибҳо ба имзо расидан қувваи қонунӣ пайдо карда, дар тамоми давраи таҳсили донишҷӯ амал менамояд.
Эзоҳ: Аз нав барқарор шудани донишҷӯ баъди хориҷшавӣ бо шартномаи алоҳида ба расмият дароварда мешавад.
Дар ин сурат арзиши таҳсили дар шартномаи навмуқараршуда бояд ба арзиши таҳсили донишҷӯёни курсе, ки ӯ барқарор мешавад, мувофиқ бошад. Инчунин донишҷӯе, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дигар ба Донишкада интиқол меёбад, бо пардохти маблағ мувофиқи арзиши таҳсил дар соле, ки интиқол меёбад қабул карда мешавад.
VI. СУРОҒА ВА ҲИСОБНОМАИ БОНКИИ ҶОНИБҲО
ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОДИ
ТОҶИКИСТОН
«ДОНИШҶӮ»
Нишонӣ: ш.Душанбе, 734067, _______________________________________
к.Нахимов, 64/14 _______________________________________
_______________________________________ Нишонӣ: _______________________________
_________________________________________ _______________________________________
Телефонҳо: 231-02-01 – ректор
_______________________________________ МУШАХХАСОТИ ПАРДОХТӢ:
231-08-43– Муҳосибот _______________________________________
Телефонхо:_____________________________ _______________________________________
МУШАХХАСОТИ ПАРДОХТӢ:
Суратхисоби махсус (спецсчет) Суратхисоб № ___________________________
20204972712010100002 МФО______________________________
Суратхисоби муросилоти (корсчет) ______________________________________
Донишгоҳи давлатии молия ва иктисоди Точикистон
Департаменти хазинадории Имзои донишҷӯ __________________
Вазорати молияи Чумхурии Точикистон
ш.Душанбе
РМА (ИНН) 040007278