Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Раёсати илм


ФАЪОЛИЯТИ РАЁСАТИ ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯИ ДОНИШГОҲ 


Раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон самти корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳро дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ», Консепсияи миллии маълумоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Стандартҳои давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор ба роҳ мондааст. Дар ҳамин асос вобаста ба нақшаи кории донишгоҳ нақшаи кории раёсати илм ва инноватсия таҳия ва тасдиқ гардидааст.


Нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар самти «Асосҳои назариявӣ ва методологии ташаккули модели индустриалӣ-инноватсионии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» ва муаммои (проблемаи) асосии тадқиқотии донишгоҳ бошад, «Механизмҳои таъмини рушди низоми молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ» тасдиқ шудааст, ки кулли кормандони илмӣ-педагогии кафедраҳои донишгоҳ таҳияи нақшаи дурнамои корҳои илмӣ-таҳқиқотии ба ҳамин муаммо вобастаро омода намуда, ба мавзӯю муаммоҳои мушаххаси равияҳои тахассусии кафедравӣ пайи иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ гардидаанд. Дар маҷмӯъ ҳайати устодону кормандони донишгоҳ роҷеъ ба 14 самт, 14 муаммо ва 26 мавзӯи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бурда истодаанд.


Дар соли ҷорӣ ҳайати омӯзгорону кормандон, аспирантон, докторантон, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ назар ба солҳои гузашта дар пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ беҳтар фаъолият намуда, муваффақиятҳои дар ин самт ба даст омада далели он аст, ки таваҷҷӯҳ ба корҳои илмӣ дар донишгоҳ сол то сол зиёд шуда истодааст.


Бо таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) ва Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-051 дар назди донишгоҳ дастовардҳои ҳайати устодону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар самти ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ сол то сол зиёд шуда истодааст. Дар соли ҳисоботӣ 25 нафар аспирантону унвонҷӯёни донишгоҳ рисолаҳои номзадии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намуда, 11 нафар аз муҳокимаи пешакии назди кафедраҳои тахассусӣ гузашта, рисолаҳояшонро ба Шӯроҳои диссертатсионии дахлдор пешниҳод кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 57% зиёд мебошад.


Боиси ифтихор аст, ки дар донишгоҳ маҷаллаи илмии «Паёми молия ва иқтисод» бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) соле 4 шумора нашр мегардад. Соли ҷорӣ маҷаллаи мазкур ба руйхати маҷаллаҳоли тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (КОА) ва шохиси иқтибоси илмии Россия (РИНЦ) ворид гардид, ки барои ба чоп расонидани мақолаҳои илмии устодон, унвонҷӯёну аспирантони донишгоҳ дар нашрияҳои тақризшаванда ва баланд бардоштани нишондиҳандаҳо дар ин самт имконият фароҳам меорад.


Раёсати донишгоҳ ба нашри маводи илмӣ, китобҳои дарсӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро таълифи китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳими устодон ба шумор рафта, барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён заминаи хубе фароҳам меорад. Соли ҷорӣ аз ҷониби устодони донишгоҳ 20 китоби дарсӣ омода гардида бо Қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун китобҳоии дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар тавсия гардид.


Дар баробари китобҳои дарсӣ, инчунин чопи монографияҳо, васоити таълимӣ ва дастурҳои методӣ барои амиқу ҳаматарафа омӯхтани фанҳои мухталиф муҳиманд арзёби мешавад ва устодони донишгоҳ дар ин самти низ саҳми босазо доранд.


Раёсати донишгоҳ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои таълифотӣ, аз ҷумла нашри китобҳои дарсӣ ва дигар маводи чопӣ пайваста диққати махсус медиҳад. Дар ин самт фаъолияти шуъбаи табъу нашри донишгоҳ оид ба таҳрири маводҳо, ки муваззаф мебошад, пурсамар аст.


Шуъбаи табъу нашр дар назди раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ташкил шуда, бо фармоиши ректори донишгоҳ ва роҳбарии бевоситаи муовини ректор оид ба илм фаъолият менамояд.


Дар соли ҳисоботӣ ба шуъбаи табъу нашр маводи зиёде, аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурамалҳои таълимию методӣ, мақолаҳои илмӣ, тақризҳо ва дигар маводи таълимӣ бо мақсади таҳрир ворид гаштаанд. Маводи зикршуда аз таҳрири муҳаррирони шуъба гузашта, ба ҷаласаҳои Шӯрои илмӣ-методии донишгоҳ ва ба дигар ташкилоту муассисаҳои дахлдор пешниҳод гардидаанд.


Инчунин дар донишгоҳ аз моҳи марти соли 2013 инҷониб рӯзномаи донишгоҳ бо номи «Молия ва иқтисод» моҳе ду маротиба бо теъдоди беш аз 4200 нусха нашр шуда, тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти донишгоҳро дар саҳифаҳои худ инъикос намуда, ба дасти хонанда мерасад. Ҳадафи асосии рӯзномаи «Молия ва иқтисод» инъикоси фаъолияти ҳаматарафаи таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ, методӣ ва умуман фаъолияти педагогии рӯзмарраи устодону кормандон ва ҳаёти донишҷӯён аст. Вобаста ба хусусиятҳо ва мазмуну муҳтаво мақолаҳои муаллимону донишҷӯён дар асоси талаботи низомномаи рӯзнома рӯи чоп меоянд.


Дар соли ҷорӣ дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ 95 нафар унвонҷӯ, 72 нафар докторант аз рӯйи ихтисос (PhD) ва 358 нафар магистрант таҳсил менамоянд, ки ин заминаест барои афзун намудани потенсиали кадрии донишгоҳ. Дар сатҳи донишгоҳ, факултетҳо ва кафедраҳо пайваста озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, конфронсҳо, мизҳои муддавар, семинарҳои илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ ва нишастҳои илмӣ-адабӣ гузаронида мешаванд. Аз ҷумла, дар асоси нақшаи доир намудани машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ соли ҷорӣ дар донишгоҳ 3 конфронси сатҳи байналмилалӣ, 10 конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, 2 конфронси илмӣ-амалии донишгоҳӣ, 1 онлайн-конфронс, 9 мизи мудаввар, 7 силсила озмунҳо, 152 семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 208 маҳфили илмии донишҷӯён ва зиёда аз 20 ҷамъомади васеи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта баргузор гардиданд.


Ҳамзамон дар донишгоҳ маҳфили илмии устодон “Коршиноси иқтисодӣ”, маҳфили илмӣ-фарҳангии устодон «Фарҳангдӯст» ва маҳфили илмӣ-фарҳангии донишҷӯён «Сайри сухан» фаъолият менамоянд, ки аллакай байни дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва берун аз он маъруфияти зиёдеро соҳиб шудаанд.


Иштирок дар озмунҳо, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти бевоситаи раёсати илм ва инноватсия мебошад, ки сол то сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодааст. Ҳар сол дар донишгоҳ чун анъана озмун-олимпиадаи донишҷӯён аз рӯи фанҳои тадрисшаванда гузаронида мешавад. Соли ҷорӣ 6 нафар донишҷӯ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва 4 нафари дигар дар озмун-олимпиадаи аз тарафи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил кардашуда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.


Боиси қайд аст, ки кор дар самти пешниҳоди корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, аз ҷумла «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ» назаррас буда, соли ҷорӣ 6 кори илмии донишҷӯёни донишгоҳ пешниҳод гардид, ки дар натиҷа аз онҳо 5 донишҷӯ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.


Соли ҷорӣ ҳайати устодон, аспирантон ва унвонҷӯёни ДДМИТ дар конференсияҳои дараҷаҳои гуногун бо 724 маърӯза ва донишҷӯён бошанд бо 63 маърӯза баромад намуданд.


Феълан дар назди кафедраҳои донишгоҳ 26 маҳфили илмии донишҷӯён фаъолият дорад, ки роҳбарии ин маҳфилҳоро устодони пуртаҷриба ба ӯҳда дошта, дар онҳо масъалаҳои мубрами иқтисодию молиявӣ дар шароити имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон бавуҷудомада баррасӣ карда мешаванд.


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба китобу китобхонӣ чунин ибрози ақида кардаанд: «Миллати мо бо китоб ва китобхонӣ, заковат ва маърифатнокии худ дар ҷаҳони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст». Китобхонаи илмии ДДМИТ аз 1 китобхонаи илмӣ ва 1 китобхонаи электронӣ иборат буда, фаъолияташро тибқи «Низомномаи китобхонаи илмии ДДМИТ» ба роҳ мондааст. Дар маҷмӯъ фонди китобхонаи илмии донишгоҳ 98800 нусхаро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор, фонди умумии китобхонаи илмиро 35313 нусха китобҳои таълимӣ, 14478 нусха китобҳои илмӣ, 6371 нусха китобҳои бадеӣ, 4151 нусха дастуру барномаҳо, 53 нусха рисолаи илмӣ ва зиёда аз 250 нусха фишурдаи рисола ташкил медиҳанд. Дар китобхонаи электронии донишгоҳ бошад 309000 нусха китоб маҳфуз аст, ки соҳаҳои иқтисодиёт ва молия, математика, технология, педагогика ва психология, забон, сиёсат, ҳуқуқ, китобҳои бадеӣ ва ғайраро дар бар мегиранд. Китобхонаи илмии донишгоҳ дорои толори хониш буда, барои 100 ҷои нишаст мутобиқ карда шудааст.