Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Новости

Тарғиби варзиш

Тарғиби варзиш

Тибқи фармоиши ректори ДМИТ Давлатзода Қудрат таҳти №92/4 аз 9 октябри соли ҷорӣ дар донишкада мусобиқаи даставӣ дар намуди футболи хурд миёни устодону кормандони факултетҳо ва сохторҳои донишкада ба муносибати 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Соли ҷавонон барои дарёфти Ҷоми ректори ДМИТ баргузор гардид.
Мақсад аз баргузории ин мусобиқа равнақ додани муттаҳидию дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар байни устодону кормандони донишкада, рушду тарғиб ва ташвиқи варзиш, хусусан футболи хурд, ҷалби устодону кормандон ба варзиш ва беҳдошти саломатии онҳо ва муайян намудани беҳтарин дастаи футболи хурд дар байни устодону кормандони донишкада маҳсуб меёбад.

Мусобиқа рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ оғоз гардида, дар он футболбозони 8 даста аз сохторҳо донишкада барои ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ бо ҳам рақобат намуданд.

Гурӯҳи «А»

Т/р

Дастаҳо

Бозӣ

Бурд

Бохт

Нисбати тӯбҳо

Холҳо

1

Факултети молия ва қарз

3

3

-

16-4

9

2

Раёсати ДМИТ

3

2

1

18-9

6

3

Кафедраҳои умумидонишкадавӣ

3

1

2

12-15

3

4

Факултети ҳисобдорӣ ва омор

3

-

3

5-19

0

Гурӯҳи «Б»

1

Факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ

 

3

 

3

 

-

 

17-6

 

9

2

Факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ

 

3

 

2

 

 

1

 

 

12-18

 

 

6

 

3

Факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт

 

3

 

1

 

2

 

5-8

 

3

4

Факултети менеҷмент ва ҳуқуқи молиявӣ

 

3

 

-

 

3

 

10-16

 

0

Даври нимниҳоӣ

1

Факултети молия ва

қарз

3:0

Факултети муносибатҳои

иқтисоди байналмилалӣ

2

Факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ

1:2

Раёсати ДМИТ

Барои ҷойи сеюм

 

Факултети муносибатҳои

иқтисоди байналмилалӣ

1:7

Факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ

 

Финал

 

Факултети молия ва қарз

1:0

Раёсати ДМИТ


Мусобиқа рӯзи 19 октябри соли ҷорӣ ба охир расид ва ғолибон муайян гардиданд.

Ҷойи аввал насиби дастаи факултети молия ва қарз, ҷойи дуюм - дастаи раёсати ДМИТ ва ҷойи сеюм - дастаи факултети иқтисоди молиявӣ ва андозбандӣ гардид.
Ғолибон бо Ҷом, Дипломи дараҷаҳои гуногун ва туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида мешаванд.
Ҳамчунин аз байни бозингарон беҳтаринҳо интихоб гардиданд, аз ҷумла Шарбатов Баҳодур - дарвозабони беҳтарин, Аҳадов Исматуло - муҳофизатгари беҳтарин, Мирзоев Некрӯз - нишонзани беҳтарин, Исломов Тоҳир - бозингари беҳтарин, Шокиров Собир - муаллифи голи беҳтарин, дастаи факултети технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт - дастаи беҳтарин ва роҳбари дастаи факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ - мураббии беҳтарин.
Гуфтан мумкин аст, ки дар ҷараёни мусобиқа Юнусзода Холмурод, Хоҷаев Даврон, Сафаров Илхом, Назарзода Алишер  ва чанде дигарон бо бозии худ ҷудо ва аз тарафи мухлисон эътироф ва мусбӣ баҳогузорӣ карда шуданд. 



Хисрав Муҳиддинов