Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Новости

Улуғбек - варзишгари муваффақ

Улуғбек - варзишгари муваффақ


Бахшида ба Соли ҷавонон рӯзҳои 6-7 майи соли ҷорӣ дар Маҷмааи мактаби маҳорати варзишии намудҳои гӯштин мусобиқаи ҷумҳуривӣ оид ба панкратион миёни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.
Боиси сарфарозист, ки дар ин мусобиқа донишҷӯи курси 3, факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалии донишкада Сайдалиев Улуғбек дар вазни 66 кг ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид.
Улуғбек зери роҳбарии мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи гражданӣ Музаффар Сафаров  ба ин дастоварди варзишӣ ноил гардидааст.
Мо Улуғбекро ба ин пирӯзиаш табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи варзишиаш  музаффариятҳои навро таманно мекунем. 


Муҳиддинов Х.