Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Новости

Дастболоии варзишгарони ДДМИТ

Дастболоии варзишгарони ДДМИТ

Бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе 23-уми октябр мусобиқаи шаҳрӣ ва 15-уми ноябри соли ҷорӣ мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс ва гӯштии миллӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин мусобиқаҳо донишҷӯёни ДДМИТ низ қувваозмоӣ намуда, обруву эътибори донишгоҳро боло бурданд. 
Дар даври мусобиқаи шаҳрӣ Суннатулло Ҳакимов- донишҷӯи курси якуми факултети ҳисобдорӣ ва омор Умед Сулаймонов- донишҷӯи курси сеюми факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ, Исмоили Ибодулло донишҷӯи курси сеюми факултети иқтисод ва бизнес дар намуди гӯштии миллӣ ва Шаҳбоз Камолов - донишҷӯи курси якуми факултети иқтисод ва бизнес дар намуди бокс бо ҷойи дуюм ва медалҳои ифтихорӣ сарфароз гардонида шуданд. 
Шаҳбоз Камолов боксёри ҷавони донишгоҳ барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Атҳам Абдуллозода бо диплом ва медал сарфароз гардонида шуд. 
Ногуфта намонад, ки донишҷӯёни ғолибро Беҳрӯз Азизқулов – муаллими калони кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ Сармураббибии дастаи боксёрони ДДМИТ тамрин медиҳад. 


Нуралӣ Раҳимзода