Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Новости

Ғолибияти боз як варзишгари ДДМИТ

Ғолибияти боз як варзишгари ДДМИТ

Чунончӣ пештар хабар дода будем, бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ оид ба намудҳои гуногуни варзиш дар байни донишҷӯёни муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе баргузор гардиданд. Дар ин сабқатҳо донишҷӯёни ДДМИТ низ қувваозмоӣ намуда, обрӯву эътибори донишгоҳро боло бурданд. 
Аз 1-ум то 2-юми декабри соли равон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба каратэ-до байни наврасон, ҷавонони то 21 сола ва калонсолон доир гардид, ки дар он Хушбахт Шарипов, донишҷӯи курси 3, ихтисоси иқтисоди ҷаҳони факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ аз рӯйи 3 навъи варзиш оид ба каратэ-до баромад намуд. Дар натиҷа, Хушбахт барои ишғол намудани ҷойи сеюм дар ин мусобиқа бо Дипломи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва медали ифтихорӣ сарфароз гардонида шуд. 
Бояд ёдовар шуд, ки Х.Шарипов дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба каратэ-до иштирок карда, сазовари ҷойи якум шуда буд. Мо ба Хушбахт дар фатҳи қуллаҳои нави варзишӣ комёбиҳо таманно менамоем. 


Н.Раҳимзода