Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Новости

Донишҷӯёни мо барандагони мусобиқаи варзишии тирандозӣ

Донишҷӯёни мо барандагони мусобиқаи варзишии тирандозӣ

18 феврали соли равон дар Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе мусобиқаи варзишии тирандозӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино» доир карда шуд, ки дар он варзишгарони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ширкат варзиданд. 
Зимни қувваозмоиҳо Fуломзода Шоҳрух, донишҷӯи курси 2-юми факултети молия ва қарз миёни писарон сазовори ҷойи аввал ва Қурбонова Зебо, донишҷӯи курси 1-уми факултети иқтисод ва бизнес миёни донишҷӯдухтарон сазовори ҷойи дуюм гардиданд. 
Fолибони мусобиқа бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе қадрдонӣ гардиданд.


Фаридун Саидов-сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ