Бо тоҷикӣ 
 На русском 
 In English 
logo
Почта Факултетҳо Кафедраҳо Шӯрои диссертатсионӣ Озмунҳо Муқовимат бо коррупсия Об барои рушди устувор Ҷадвали дарсӣ "Рушди таҳсилоти олӣ" Erasmus+/DigEco

Арзу шикоятҳо

Лоиҳаи барномаи грантии озмунии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон»


Бо мақсади амалӣ намудани Стратегияи миллии рушди соҳаи маориф байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд/Бонки ҷаҳонӣ Созишнома оид ба маблағгузорӣ (гранти №D082-TJ) ва (кредити №5702-TJ) аз 7 августи соли 2015 ҷиҳати маблағгузории Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» ба имзо расонида шуд. 
Дар ин замина, ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълим ва мутобиқати он ба бозори меҳнат дар асоси натиҷаҳои озмун барои гирифтани грант байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Созишномаи грантӣ аз 25.09.2019, № 13/1-2 ҷиҳати маблағгузории лоиҳаи барномаи грантии озмунии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» ба имзо расид. 


Муҳлати татбиқи лоиҳа: 
Оғози лоиҳа: 26 сентябри соли 2019 
Анҷоми лоиҳа: 26 майи соли 2021 


Мақсад ва вазифаҳои лоиҳа: 
Мақсади лоиҳа: Такмил додани сатҳ ва усули таълим тавассути такмили стандартҳо ва нақшаҳои таълимӣ, инчунин баланд бардоштани иқтидори касбии ҳайати профессорон-омӯзгорон бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва таълимӣ тавассути ташкили шабакаи таълимии онлайн байни ду донишгоҳ (ДДМИТ ва ДДД). 


Вазифаҳои лоиҳа: 
1. Гузаронидани тадқиқот оид ба мувофиқатии мавзуҳои стандартҳои таълимӣ ба талаботҳои корфармоён. 
2. Баррасӣ ва таҳлили стандартҳо ва нақшаҳои таълимии 2 ихтисоси шабеҳ дар ҳарду донишгоҳ амалкунанда ба монанди: баҳисобгирии мухосиби, таҳлил ва аудит; андоз ва андозбандӣ. 
3. Гузаронидани ду семинар аз рӯи натиҷаҳои тадқиқот оид ба мувофиқатии мавзӯҳои стандартҳои таълимӣ ба талаботҳои корфармоён ва мушовирони маҳаллӣ оид ба баррасӣ ва таҳлили стандартҳо ва нақшаҳои таълимии 2 ихтисоси шабеҳ дар ҳарду донишгоҳ амалкунанда ба монанди: баҳисобгирии мухосиби, таҳлил ва аудит; андоз ва андозбандӣ. 
4. Гузаронидани тренингҳо барои ҳайати профессорон-омӯзгорони ҳарду донишгоҳ (ДДМИТ ва ДДД) бо иштироки мушовирони хориҷӣ. 
5. Таҳия, тасдиқ ва татбиқи стандартҳои таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ дар ҷараёни таълими 2 ихтисоси шабеҳ дар ҳарду донишгоҳ амалкунанда ба монанди: баҳисобгирии мухосиби, таҳлил ва аудит; андоз ва андозбандӣ дар асоси талаботи раванди Болония. 
6. Сохтани инфрасохтор тавассути насби барномаҳои идоракунии таҷҳизот барои ташкил ва баргузории дарсҳои таълими дар шабакаи таълимии онлайн дар ду донишгоҳ (ДДМИТ ва ДДД), инчунин сохтани Вебсайт. 
7. Ташкил ва баргузории курсҳо барои ҳайати профессорон-омӯзгорони ҳарду донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи касбӣ. 
8. Сафарҳои омӯзишӣ-таълимии намояндагони ҳарду донишгоҳ (ДДМИТ ва ДДД) ба донишгоҳи шарик. 
9. Ташкил ва фароҳам овардани шароит барои ҳавасмандкунӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии ҳайати профессорон-омӯзгорони ҳарду донишгоҳ тавассути мубодила ва таҷрибаомӯзӣ барои гузаронидани корҳои муштараки илмӣ ва баргузории дарсҳои таълимӣ барои донишҷӯёни 2 ихтисоси шабеҳ дар шабакаи таълимии онлайн бо иштироки корфармоён ва хатмкунандагон. 


Компонентҳои лоиҳа: 
Компоненти 1 - Такмили стандартҳои таълимӣ ва барномаҳои таълимии ду ихтисоси шабеҳи дар ду донишгоҳ мавҷудбуда: баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит, андоз ва андозбандӣ; 
Компоненти 2 – Ташакили инфрасохтори шабакаи таълимӣ тариқи он-лайн байни ду донишгоҳ (ДДМИТ ва ДДД);
Компоненти 3 – Мукаммалнамоии усулҳои таълим ва тақвият додани дараҷаи касбии ҳайати профессорон-омӯзгорони 2 ихтисоси шабеҳи дар ду донишгоҳ (ДДМИТ ва ДДД) мавҷудбуда;
Компоненти 4 – Идоракунии лоиҳа.



Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳисоботи моҳи октябри соли 2019-ро оид ба рафти татбиқи лоиҳаи барномаи грантии озмунии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» ба маълумоти Шумо пешниҳод менамояд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳисоботи моҳи ноябри соли 2019-ро оид ба рафти татбиқи лоиҳаи барномаи грантии озмунии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» ба маълумоти Шумо пешниҳод менамояд.


Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳисоботи моҳи декабри соли 2019-ро оид ба рафти татбиқи лоиҳаи барномаи грантии озмунии «Рушди ҳамкориҳои шабакавии байни донишгоҳҳо - омили баланд бардоштани сифати таълим ва рушди касбии ҳайати омӯзгорон» ба маълумоти Шумо пешниҳод менамояд.