Қоидаҳои қабул
I. Қоидаҳои умумӣ
1.Қоидаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
ДМИТ фақат бо доштани иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ҳуқуқ дорад, ки қабули довталабонро аз рӯи равия ва ихтисосҳои мухталиф дар аспирантура расман эълон намояд.
ДМИТ вазифадор аст, ки довталабонро бо иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ ва инчунин шаҳодатномаи аккредитатсияи давлатӣ шинос намояд.
Комиссияи қабули ДМИТ бояд то қабули ҳуҷҷатҳои довталабон номгӯи равия ва ихтисосҳо, теъдоди қабулро аз рӯи равия ва ихтисосҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ва тариқи шартномавӣ эълон намояд.
2. Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон кабул ба аспирантура мутобиқи Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию-педагогӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон № 308 аз 2.07.2008 ва Низомномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
3. Дохилшаванда ба аспирантура пеш аз имтиҳонҳо ба кафедраи мансуб реферат пешниҳод намуда аз сӯҳбати роҳбари ояндаи худ мегузарад. Роҳбари илмӣ фикру ақидаи худро дар бораи дохилшаванда хаттӣ ба комиссияи қабул пешниҳод менамояд. Дохилшаванда бояд аз сӯҳбати мудири кафедра ҳам гузарад. Қарори комиссия дар асоси пешниҳоди роҳбари илмии оянда ва сӯҳбат бо мудири кафедра дар бораи иштирок кардан ё накардани он дар имтиҳонҳо дар муддати як ҳафта ба дохилшаванда расонида мешавад.
4. Дохилшавандагон ба аспирантура мутобиқи стандартҳои давлатии маълумоти олии касбӣ аз фанҳои зерин имтиҳон месупоранд: ихтисос, фалсафа, забони англисӣ.
Имтиҳонҳои дохилшавӣ: 5.11-5.12
II.Шарт ва тартиби қабул
5. Ба аспирантура дар асоси озмун шаҳрвандони ҶТ, ки маълумоти олии пурра (мутахассис) ё магистратураро бо баҳои хубу аъло хатм намудаанд, қабул карда мешаванд. Мутахассисони хоҷагии халқ дар сурати доштани собиқаи кори 2 сола метавонанд баъд аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба аспирантура қабул шаванд.
6. Яке аз усулҳои тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмию-педагогии тахассуси олӣ бо роҳи унвонҷӯӣ (кори мустақилона аз болои рисолаи номзадӣ ва докторӣ) бе дохил шудан ба аспирантура мебошад.
Унвонҷӯён дар мӯҳлати муайяншуда танҳо аз сӯҳбат бо роҳбари илмӣ ва мудири кафедра мегузаранд.
7. Шахсоне, ки имтиҳонҳои номзадиро пурра ё қисман супоридаанд аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ озод карда мешаванд (дар асоси шаҳодатномаи 2.2). Натиҷаҳои имтиҳонҳои магистрӣ аз фалсафа ва забони англисӣ (мутобиқи ҷойгиршавии баҳои имтиҳон аз фанни фалсафа, забони хориҷӣ ва ихтисос дар нақшаи инфиродии магистр).
8. Комиссияи қабул натиҷаи санҷишҳои дохилшавиро барои ҳар як номзад омӯхта, қарори махсус қабул менамояд. Қарор оиди қабул ё инкори он дар муддати панҷ рӯз пас аз анҷоми кори комиссия эълон карда мешавад.
9. Қабули довталабон ба аспирантура баъди супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва пардохти пули таҳсил бо фармони ректори донишкада то 15.12 тасдиқ карда мешавад.