АЗ “ДИРАФШИ КОВИЁН” ТО ПАРЧАМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Парчам яке аз рукнҳои асосии муқаддасоти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, он ҳамчун ифодагари рамзи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ, сулҳу осоиштагӣ, дӯстию рафоқат ва муаррифгари давлату миллат мебошад.
Тавре ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намудаанд: “Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он, ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо побарҷо бошад. Имрӯз ифтихор аз рамзҳои зеҳнӣ шуури тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст ва метавон гуфт, ки ин эҳсоси гарми ифтихор дар таҳкими сулҳу субот, дӯстиву якдилӣ ва ваҳдати халқи азизамон нақши барҷаста дорад”.
Тоҷикон ҳанӯз аз бомдоди таърих ҳамчун халқи асилу соҳибмулк дар қаламрави Осиёи Марказӣ зиндагӣ намуда, дар ҳар заминае ба рушди моддию маънавии инсоният нақши бениҳоят муҳим ва арзандаи худро гузоштаанд. Таърих гувоҳ аст, ки миллати тоҷик дар замони Пешдодиён соҳиби парчаме бо номи “Дирафши Коваёнӣ” буданд, ки мавҷудияти давлати мустақилро ифода намуда, ҳамчун рамзи давлатдорӣ арзи вуҷуд дошт. Ишора бар ин Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” чунин зикр намудааст:
Чу он пӯст бар найза бардид Кай,
Ба некӣ яке ахтар афканд пай.
Биорост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар-ӯ пайкару зар-ш бум.
Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ,
Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ.
Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳаме хондаш “Ковиёнӣ дурафш”.
Дар ин ҷо Фирдавсӣ ишора ба “Дирафши Ковиёнӣ” кардааст, ки он намунаи нахустин парчам ва парчамдории ориёинажодон ба ҳисоб меравад. “Аввалин парчами қадимаи тоҷикон “Дирафши Ковиён” ном дошт, ки он ҳамчун рамзи ваҳдат ва ягонагии давлатдории ориёӣ қабул карда мешавад”- гуфта буд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Пайдоиши парчам таърихи чаҳорҳазорсола дошта, аз давраи давлатдории асотирии ориёиҳо сарчашма мегирад. Тавре ки дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Осор-ул-боқия”-и Берунӣ ва дигар сарчашмаҳои таърихӣ зикр гардидааст, бори нахуст Коваи оҳангар пешдомани чармии худро ҳамчун парчам бар муқобили Заҳҳоки морон истифода бурда, пирӯз гардид. Аз ин рӯ, онро ҳамчун рамзи озодиву пирӯзӣ ва мустақилият истифода мебаранд. Вожаҳои “дирафш”, “байрақ” ва “ливо” низ дар замонҳои пеш ба маънои “парчам” истифода мешуданд. Парчам аз замонҳои қадим рамзи муқаддаси миллӣ ба шумор рафта, барои ҳифз ва пос доштани он фарзандони зиёди миллат ҷоннисориҳо кардаанд.
Дар ҳар як давраи таърихӣ, аз он ҷумла дар замонҳои давлатдории Ҳахоманишиён, Сосониёну Сомониён, Ғуриёну Манғитиён, ҳамчунин, Тоҷикистони шуравӣ ва даврони соҳибистиқлолӣ тоҷикон соҳиби парчам буданд, ки аз рӯйи шаклу аломатҳояшон аз ҳамдигар фарқ менамуданд, ки он аз сиёсати давлатдорӣ вобаста буд. Масалан, дар парчами давлати Ҳахоманишиён расми уқоби болкушода ва дар болои сараш офтоб, дар парчами шоҳаншоҳии Сосониён танҳо паранда, дар парчами хонадони Манғитиён моҳу ситора ва калимаи тавҳид, дар парчами давлати шуравӣ, ки чанд маротиба тағйир ёфтааст, расми досу болға тасвир ёфтааст. Ҳар яки он тасвирҳо рамзӣ буда, ифодакунандаи рукнҳои давлатдорӣ маҳсуб меёфтанд. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳояшон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ қайд намудаанд: “Ҳанӯз дар ливои Куруши Кабир тасвири уқоб, ки нишонаи қудрату тавоноист, нақш гардида буд, ки он парчам рамзи як давлати неруманди замона ба ҳисоб мерафт. Ҳамчунин, метавон аз ливои Коваи Бузург ёдовар шуд, ки нишонаи равшани меросияти муборизаву ҷоннисориҳои ниёгони мо мебошад”.
Дар муддати 70 соли ҳукумати шуравӣ, бинобар сабабҳои тағйирот дар сохтори сиёсии Тоҷикистон, аз он ҷумла аз ҷумҳурии иттифоқӣ табдил додани Тоҷикистон ба ҷумҳурии шуравӣ, қабули қонуни асосӣ, тағйирёбии алифбо аз форсӣ ба лотинӣ ва пасон ба кириллӣ боиси дигаргуниҳо дар парчами Тоҷикистони шуравӣ гардида буд. Масалан, соли 1940 алифбо аз лотинӣ ба кириллӣ табдил дода шуд ва парчам низ дигаргун шуда, ранги он сурх монд ва номи ҷумҳурӣ дар парчам бо ҳарфҳои зарҳалии кириллии тоҷикӣ (ҶШС Тоҷикистон) ва кириллии русӣ (Таджикская ССР) навишта шуда, дар болои он нишонаи заррини досу болға акс ёфта буд.
Баробари ба даст овардани истиқлол Ҷумҳурии Тоҷикистон парчами хешро падид овард, ки он дар иҷлосияи ХУ1 Шурои Олӣ пазируфта шуд.
Дар Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон се ранги сурху сафеду сабз ва тоҷ бо ҳафт ситора дарҷ гардидааст. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми телевизионии худ ба муносибати Рӯзи Парчам аз 23 ноябри соли 2010 рангҳои парчами миллиро «ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ» донист ва гуфт: «Ранги сурх - рамзи муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед - нишонаи бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз - нишонаи сарсабзиву шукуфоӣ, сарбаландиву хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Ба хотири эҳтиром гузоштан ба Парчами давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарозии 30 метр ва паҳноии 60 метр дар пояи 165 метра, ки яке аз баландтарин парчам дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад, парафшон гардид.
Бояд қайд кард, ки парчам ин нангу номус, ифтихор ва шарафи ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор рафта, симои сиёсии ҳар як давлатро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунад. Парчами давлатии мо инъикоскунандаи таъриху фарҳанг ва расму оинҳои пешинаи давлатдориамон буда, баёнгари марому мақсади ҳар як сокини мамлакат мебошад ва ба онҳо барои бунёди ояндаи миллат қувваю неру мебахшад.
Абдулхайр Маҳмудов, ассистенти
кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Рус
Тоҷ
Eng