БА ХОТИРИ ФИДОКОРИИ ҶОВИДОНАИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН
Сулҳу оромӣ, амнияту субот арзишҳое ҳастанд, ки бе ҷоннисорӣ ва фидокории фарзандони содиқи Ватан дастнорасанд. Ҳар миллате, ки имрӯз бо хотири ҷамъ зиндагӣ дорад, бояд бидонад, ки ин осудагӣ натиҷаи заҳмат, бедорхобӣ ва қурбонии нафаронест, ки амнияти ҷомеаро болотар аз ҷони худ мегузоранд.
Дар шароите, ки ҷаҳони муосир бо таҳдидҳои гуногун, аз нооромии сиёсӣ то хатарҳои амниятӣ рӯ ба рӯ аст, нақши муҳофизони Ватан боз ҳам муҳимтар мегардад. Онҳо дур аз хонаводаву наздикон, шабу рӯз дар хизмати давлату миллат қарор доранд. Бистари онҳо на ҳамеша ором ва роҳат аст, вале дилашон бо эҳсоси масъулият нисбат ба Ватан гарм мебошад.
Ҳар боре ки сухан аз сулҳу амнияти миллӣ меравад, пеши назар симои он фарзандони фидоии кишвар меояд, ки дар роҳи иҷрои қарзи шаҳрвандӣ ҷони худро нисор кардаанд. Гарчанде онҳо ҷисман дар миёни мо нестанд, аммо ном, корнома ва шуҷоаташон ҳамчун намунаи олии ватандӯстӣ дар саҳифаҳои таърих сабт шудааст. Ёди онҳо на танҳо хотира, балки сабақ барои наслҳои имрӯзу фардо мебошад.
Фидокории шаҳидони Ватан ба ҷомеа меомӯзад, ки истиқлол ва амният арзишҳои бузурганд. Онҳо бо ҷони худ исбот карданд, ки ҳифзи марзу бум, ҳимояи осоиши мардум ва пойдории давлат муқаддастарин рисолат аст. Маҳз ба шарофати чунин шахсон имрӯз Парчами давлатамон парафшон аст ва мардум бо бовариву эътимод ба фардо қадам мегузоранд.
Қадршиносӣ аз ҷоннисориҳои муҳофизони Ватан вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад. Зинда нигоҳ доштани хотираи онҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои таҳкими суботи ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҷомеае, ки қаҳрамонони худро фаромӯш намекунад, ҳамеша неруманд ва устувор боқӣ мемонад.
Беҳуда нагуфтаанд:
То бихобад миллате осуда дар болини ноз,
Афсаре бояд, ки санги хораро бистар кунад.
Ин мисраъҳо имрӯз бо дарди амиқ дар дилҳо садо медиҳанд. Ҳар боре, ки аз сулҳу амният сухан меравад, ёди он фарзандони фидоии Ватан пеши назар меояд, ки ҷони худро сипари оромии миллат гардониданд.
Бо андуҳи бузург хабари ҳалок гардидани ду афсари шуҷоъ - Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳамчун хабари фоҷиабор пазируфта шуд. Ин талафот на танҳо ҷони ду инсонро рабуд, балки қалби падару модар, пайвандон ва тамоми мардуми сулҳдӯстро захмӣ кард.
Онҳо инсонҳое буданд, ки орзуи зиндагии осоишта доштанд, бо умед ба фардо қадам мегузоштанд ва бо ифтихор либоси хизмати Ватанро ба бар мекарданд. Рӯзу шаб дар ҳифзи марзу буми Модар-Ватан қарор дошта, бо садоқат, ҷасорат ва ҳисси баланди масъулият адои вазифа менамуданд. Аммо тирҳои душман ба орзуҳои поки онҳо хотима гузоштанд ва ду ҷони бегуноҳро аз оғӯши зиндагӣ ҷудо сохтанд.
Ду афсари фидоӣ, шаҳидони роҳи Ватан, ки рӯзу шаб дар хизмати Модар-Ватан буданд, бо чусту чолокиву ҷасуриву боҳунарӣ, ҳар саҳаргаҳ саф кашида, дар низом буданд, вале “душман душман аст охир” гуфтаанд Мутаассифона, аз тири душман ҷон ба саломат бурда натавонистанд.
Имрӯз мо, ҷавонон ва идомадиҳандагони роҳи ин насли қаҳрамон, бо сари баланд ва дили пур аз ифтихор қавл медиҳем, ки иҷоза нахоҳем дод касе ба миллати тоҷик бо чашми таҳқир нигарад ё ба амнияти фарзандони ин сарзамин хала ворид созад. Фаромӯш набояд кард, ки ҳифзи Ватан, истиқлол ва оромии миллат вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди бонангу номус аст.
Тавре аз изҳороти Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, 23 декабри соли 2025 шабона се нафар аъзои ташкилоти террористӣ дар минтақаи муҳофизатии дидбонгоҳи сарҳадии №5-и «Боғ», Отряди сарҳадии 0341 «Сарчашма», воқеъ дар мавзеи Қавоқи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сарҳади давлатиро убур карда, аз Афғонистон ба хоки Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд.
Террористон ба амри сарҳадбонони тоҷик барои таслим шудан итоат накарда, муқовимати мусаллаҳона нишон доданд. Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти ҷангӣ ҳар се нафар террористон безарар гардонида шуданд.
Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзбеков Зиреҳбон Нағзибекович ва Қурбонов Исматулло Ғуломович ҳалок гардиданд.
“Айни замон вазъият дар сарҳади давлатӣ ором аст” - ин ҳарфҳо моро боварӣ мебахшад, ки мо ҳеҷ гоҳ ба нооромии вазъ роҳ надода, пайваста сарҳадро муҳофизат менамоем.
Дарвоқеъ, вазъи бесуботи амниятӣ дар марзи Афғонистон, масъалаҳои маводи мухаддир, робитаҳои мураккаб бо кишварҳои ҳамсоя ва минтақаҳои кӯҳистон моро водор менамояд, ки марзҳои Тоҷикистон хуб идора намоем.
Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст, ки ҳимояи Сарҳади давлатӣ ҳамчун ҷузъи системаи таъмини амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи сиёсати давлатии сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти мувофиқашудаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, ки онҳо дар доираи ваколатҳои худ бо роҳи андешидани тадбирҳои сиёсӣ, ташкилию ҳуқуқӣ, дипломатӣ, иқтисодӣ, мудофиавӣ, сарҳадӣ, разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, гумрукӣ, ҳифзи табиат, санитарию эпидемиологӣ, экологӣ ва дигар тадбирҳо ба роҳ мемонанд, иборат мебошад.
Дар ин фаъолият мувофиқи тартиби муқарраргардида корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон иштирок менамоянд.
Қӯшунҳои сарҳадӣ дар омодагии доимӣ баҳри нобуд сохтани душман дар сарҳад ва инчунин, барои нигаҳбонии сарҳад ҳамеша омода ҳастанд. Сарҳадбонон убуркунандагони сарҳадро боздошт намуда, бо ин амалашон ҳифзи манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ ва иқтисодии Ватанамонро таъмин менамоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷануб бо Афғонистон ҳамсарҳад мебошад. Дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон 1374,2 км-ро ташкил мекунад, ки аз он:1184,4 км-ро обӣ ва 189,8 км-ро хушкӣ ташкил медиҳад.
Лозим ба ёдоварист, ки бо вуҷуди талошҳои мунтазами ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи амният ва эҷоди фазои ҳамкории мутақобилан судманд дар минтақаҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон амалҳои гурӯҳҳои ҷинояткор барои халалдор намудани вазъият дар сарҳади давлатӣ ба қайд гирифта мешаванд.
Дар ин лаҳзаҳои сангин ба аҳли хонавода ва наздикони шаҳидон - Зиреҳбон Наврӯзбеков ва Исматулло Қурбонов ҳамдардии самимии худро баён намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем. Ёди ин ду нафар ҳамеша дар дилҳо боқӣ хоҳад монд ва номи онҳо ҳамчун қаҳрамонони Ватан фаромӯш нахоҳад шуд.
Наврӯз ҶОБИРОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи “Молия ва иқтисод”
Рус
Тоҷ
Eng