Дар таърихи навини давлатдории мо бори аввал ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии миллат қабул гардид, ки дар миёни кишварҳои ҷаҳон беназир мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҷмуи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои баландмақоми байналмилалӣ эътироф гардид. Бинобар ин, мо эътимод бар он дорем, ки ин санади сарнавиштсоз дар таҳкими шохаҳои асосии ҳокимият ва низоми давлатдорӣ дар оянда низ нақши ниҳоят муҳим хоҳад бозид.

Конститутсия ҳамчун асоси истиқлолият ва соҳибихтиёрии давлатҳо дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Вай ба таъмини соҳибихтиёрии конститутсионӣ дар кишвар муосидат менамояд.

Конститутсия, ки тамоми қонунҳо аз он сарчашма мегиранд, барои пешрафт ва рушди давлат хизмат мекунад ва бахтномаи ҳар як миллат мебошад. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, бахтномаи миллати тоҷик аст, зеро он Конститутсияи мукаммале ҳаст, ки ба қатори конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои дунё аз ҷиҳати ҳифз ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дохил карда шудааст. Дар чунин вазъияти ҳассос ҳангоми қабули Конститутсияи мукаммал, хеле мураккабу душвор буд, аммо бо қавииродагӣ ва мардонагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи азизи кишварамон муяссар гардид, ки қонуни асосии кишвар, яъне Конститутсияи худро бо раъйпурсии умумихалқӣ қабул намоянд ва ин рӯз ҳамчун рӯзи таърихӣ ҳамасола қайд карда мешавад.

Барои мисол, боби дуюми Конститутсия, ки “Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд” ном дорад ва аз 33 модда иборат аст, пурра ба ҳуқуқ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст. Дар моддаи 17-и боби мазкур оид ба баробарҳуқуқии шаҳрвандон дар назди мақомотҳои давлатӣ ва баробарҳуқуқии онҳо байни ҳам чунин гуфта шудааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. Мардон ва занон баробарҳуқуқанд”.

Конститутсия, пеш аз ҳама, ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии кишварамон табдил ёфт. Конститутсия, ҳамчунин, санади бунёдиву созандае гардид, ки имрӯз дар асоси он ҳар як шаҳрванди мамлакат ҳуқуқҳои қонунии худро мешиносад ва аз онҳо баҳравар мешавад. Дар асоси гуфтаҳои боло ба чунин хулосае омадан мумкин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун пояи устувори давлатдорӣ ва кафили сулҳу субот донем, инчунин, ҳар яки моро водор месозад, ки мо, шаҳрвандони мамлакат, Конститутсия - бахтномаи миллатро, ки манбаи тамоми қонунҳо аст, риоя намоем ва онро пос дорем.

 

Абдулло ШОМУРОДОВ,

эдвайзер оид ба тарбияи факултети фаъолияти гумрукӣ ва амнияти иқтисодӣ