(Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)

Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон муносибат ба рамзҳо ва муқаддасоти миллӣ мазмуну моҳияти нав пайдо кард. Ба шарофати сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи фарзанди фарзонаи миллат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвар дар самти пешрафту рушди тамоми соҳаҳо ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки ин навгониҳоро ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сокинони мамлакат бо хушнудӣ истиқбол карданд. Умуман, гуфтан мумкин аст, ки Тоҷикистон дар замони муосир ҳамчун як давлати рӯ ба инкишофу тараққӣ дар миқёси байналмилалӣ шинохта шудааст, ки ин раванд моро водор месозад, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини биҳиштосоямон амиқтару дақиқтар камари ҳиммат бандем.

Дар маҷмуъ, имрӯз мо, мардуми тоҷик, аз он мефахрем, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон тамоми арзишҳои фарҳангию таърихӣ ҳамчун ҷузъи пураҳамияти миллату давлат қадр мегарданд ва барои рушду инкишофи минбаъдаи онҳо табақаи васеи омма худро саҳмгузору уҳдадор мешуморанд.

Аз ҷумла, ҳамасола, санаи 16 ноябр мувофиқ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Табиист, ки сабаби ба ин рӯз рост омадани ин ҷашни барои сокинони кишвар мубораку арҷманд дар он аст, ки маҳз дар ҳамин рӯзи таърихиву хотирмон, яъне 16-уми ноябри соли 1994 Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу Ватани хеш Савганди вафодорӣ ёд карда, тақдири минбаъдаи сокинони кишвар ва зимоми давлатдориро бо камоли масъулият ба зимма гирифтанд. Ҳамчунин, дар ҳамин сана, дар баробари ба вазифаи Президенти кишвар пешбарӣ гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мардуми иродатманду меҳанпарвари тоҷик аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистонро тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карданд ва шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар охири қарни гузашта Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлоли давлатӣ ба даст овард, вале гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ мехостанд, ки миллати тоҷикро пароканда сохта, таърих ва фарҳанги пурғановаташро несту нобуд созанд. Низоъҳое, ки дар кишвар ба амал омаданд, боиси коҳиш ёфтани рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат шуданд.

Хушбахтона, бо ба сари вазифа омадан ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар кишвар сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардид. Мардум умед ба фардои неки марзу буми аҷдодии хеш кард. Имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлолро беш аз 150 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинки, Баёнияи Париж ва дигар созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохта, ҳифзи ҳуқуқи инсонро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, маҳаллӣ ва мазҳабиву нажодӣ дар мадди аввал гузошт.

Табиист, ки дар он марҳилае, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари вазифа омаданд, Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба сулҳу субот ва ваҳдату сарҷамъӣ ниёз дошт. Низоми идоракунии президентӣ ҳам маҳз ба хотири пурзӯр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ роҳандозӣ гардида буд. Пайдост, ки он интихоб як мақсаду мароми огоҳонаи сокинони мамлакат барои фардову минбаъда ҳаёти неку саодатманди ҳам шаҳрвандону ҳам кишвар ба ҳисоб мерафт, ки натиҷаи онро мо имрӯз баръало мушоҳида карда истодаем. Имрӯз бо ифтихормандиву болидаруҳӣ иқрор шуданамон аз рӯи адолату афкору андешаи амиқ аст, ки гузаштан ба низоми президентӣ на танҳо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Замоне ки фарзанди номвари халқи тоҷик, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари давлат интихоб шуданд, Тоҷикистони тозаистиқлол рӯзҳои даҳшатборро аз сар мегузаронд. Ҷангу низоъҳои хунин боиси хисороти зиёди моливу ҷонӣ гардида, ба якпорчагии мамлакат ва бақои ҳастии миллат таҳдид мекард. Роҳбари давлат ин масъулияти бузургу дар он замон серташвишро ба зимма гирифта, бо тадбирҳои хирадмандона ва ҷасорату матонати фавқулода кишварро аз вартаи фаношавӣ ва ҳалокат берун оварданд, мардуми гуреза ва аз хонумони худ ҷудогаштаро сарҷамъ карданд ва садҳо ҳазор ғурбатзадаро ба Ватан баргардониданд.

Имрӯз бо камоли мамнуният гуфта метавонем, ки дар даврони роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан, баъди солҳои 2000-ум доир ба беҳсозии шароити тамоми соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангиву сиёсӣ ва маданӣ дар мамлакатамон чораандешиҳои зиёд рӯи кор гирифта шуд. Дар ин росто, доир ба беҳсозии шароити таълиму тарбия ва омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат даҳҳо муассисаи таҳсилоти миёнаву касбӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар маркази кишвар – шаҳри Душанбе, филиали чандин муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафта таъсис дода шуданд. Бунёди мактабу муассисаҳои таълимии замонавӣ, пулҳо, роҳҳо, неругоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти замонавӣ бо ҳидояту роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта ба истифода дода шуданд.

Дар ҳама сафарҳои Сарвари давлатамон ба шаҳру навоҳии мамлакат ва мамолики бурунмарзӣ мо шоҳиди он мегардем, ки суханронӣ, ташаббус, пешниҳод ва дастуру супоришҳои эшон баҳри боз ҳам баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии халқи тоҷик, оромӣ ва осоиштагии Тоҷикистони азиз ва ҳар як фарди кишвар равона карда шудааст.

Дар маҷмуъ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марди олиму оқилу фозилу хирадмандест, ки Тоҷикистонро аз нестшавӣ наҷот дода, мардумро дар атрофи хеш муттаҳид ва ба қалби сокинони сарзаминаш шуълаи меҳру муҳаббат ва умедро ба ояндаи нек бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят намуданд. Бинобар ин, бо ин рӯзи мубораку фараҳмандӣ, яъне Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми сарзамини азизам – Тоҷикистон, ҳамкасбону кормандон ва шогирдони гиромиро самимона муборакбод гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо фазои осоиштаву меҳру муҳаббат ва ба диёри биҳиштосои Тоҷикистон сулҳу суботи доимӣ ва гулгулшукуфоии ҷовидонаро таманно дорам.

 

Садриддин Раҷабов,

 эдвайзер оид ба тарбияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ