Ҳамзамон, рӯзи 9-уми апрели соли 2026 дар доираи барномаи чорабинӣ бо иштироки донишҷӯён, омӯзгорон, муҳаққиқон ва тамоми шахсони ҳавасманд як қатор мастер-классҳо гузаронида шуданд.

Аз ҷумла, мавзуъҳои мубрами замони муосир, ба мисли «Механизмҳо ва роҳҳои истифодаи он дар қаллобиҳои муосир» «Идоракунии захираҳои молиявӣ дар фазои рақамӣ», «Эҳтиёт бошед, дроппинг!», «Амнияти молиявӣ: афсона ё воқеият» мавриди баррасии амиқ қарор гирифта, ба иштирокчиён имкон фароҳам оварданд, ки донишҳои назариявии худро бо таҷрибаҳои амалӣ такмил диҳанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимӣ, рушди ҳамкориҳои илмиву тадқиқотӣ, табодули таҷриба ва ворид намудани усулҳои муосири таълим мусоидат менамояд.

Лозим ба ёдоварист, ки мастер-классҳо бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ, Институти шабакавии байналмилалӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастомада ва маблағгузории терроризм, инчунин бо дастгирии Россотрудничество ва Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон ташкил ва баргузор гардид.

Дар фарҷом таъкид карда шуд, ки чунин иқдомҳо барои тарбияи мутахассисони баландихтисос, баланд бардоштани рақобатпазирии низоми миллии маориф ва мутобиқ намудани он ба стандартҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Наврӯз ҶОБИРОВ