Рӯзи 9 апрели соли равон дар доираи баргузории намоишгоҳи Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, таҳти унвони «Таҳсилот ва рушди касбият дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм» дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷаласаи расмӣ ва чорабиниҳои илмӣ-амалӣ баргузор гардиданд.

Чорабинии мазкур дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва рушди низоми муосири омодасозии мутахассисони баландихтисос дар соҳаи молия доир гардида, дар он намояндагони мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, инчунин шарикони рушд фаъолона иштирок намуданд.

Дар оғози ҷаласа муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълими ДДМИТ Мирсаидов Саидакмал Аврорович меҳмононро самимона истиқбол намуда, баргузории чунин намоишгоҳро омили муҳими густариши ҳамкориҳои илмӣ-таълимӣ ва табодули таҷрибаи пешрафта арзёбӣ намуд.

Мавсуф таъкид кард, ки ин гуна ташаббусҳо барои омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, рушди иқтидори зеҳнии ҷавонон ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ аҳамияти стратегӣ доранд.

Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки донишҷӯёни ДДМИТ солҳои охир дар Олимпиадаи байналмилалии бехатарии молиявӣ иштироки фаъолона дошта, бо нишон додани сатҳи баланди дониш ва малакаҳои касбӣ, нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамоянд.

Ҳамзамон, баргузории олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ оид ба саводнокии молиявӣ бо ташаббуси ДДМИТ доир гардида буд, ҳамчун василаи муассири рушди тафаккури таҳлилӣ ва малакаҳои амалӣ унвон карда шуд.

Дар ҷараёни ҷаласа Мирзоалиев Ҳалим Саидаҳмадович - директори Департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон, Шилина Ирина Юрьевна - муовини директори генералии Маркази байналмилалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ ва Патрушев Андрей Валерьевич - роҳбари намояндагии Россотрудничество дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои худро оид ба тавсеаи ҳамкориҳо, рушди барномаҳои муштарак ва аҳамияти баргузории чунин чорабиниҳо баён намуданд. Баромадкунандагон дар суханрониҳои худ масъалаҳои асосии рушди устувори низоми молиявӣ, таҳкими амнияти молиявӣ, пешгирии хавфҳои муосир, аз ҷумла қаллобии рақамӣ, инчунин густариши ҳамкориҳои байналмилалиро мавриди таҳлили амиқ қарор доданд.

Зикр гардид, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои иттилоотӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир аҳамияти махсус касб менамояд. Ҳамзамон, ба масъалаҳои муқовимат ба терроризм ва ифротгароӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, коршиносон таъкид намуданд, ки рушди маърифати ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои васеи таҳсилу касбомӯзӣ аз омилҳои муҳими пешгирии гаравиши ҷавонон ба ғояҳои ифротӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Наврӯз ҶОБИРОВ