БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ СИНФХОНАҲО ВА ОЗМОИШГОҲҲОИ ДДМИТ
Рӯзи 9-уми апрел дар доираи барномаи намоишгоҳи байналмилалӣ намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия ва Тоҷикистон аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Ҳамин тавр, меҳмонон бо дастовардҳо, имкониятҳои таълимӣ ва шароити муосири донишгоҳ аз наздик шинос гардида, ба сатҳи рушди инфрасохтори таълимӣ ва заминаи моддиву техникии он баҳои баланд доданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ масъалаҳои мубрами густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷонибҳо оид ба рушди табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорон, ташкили барномаҳои таҷрибаомӯзӣ, такмили ихтисоси ҳайати профессориву омӯзгорӣ, ҷалби мутахассисони хориҷӣ барои баргузории машғулиятҳо ва семинарҳои омӯзишӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин ҷорӣ намудани барномаҳои инноватсионӣ ва рақамисозии раванди таълим табодули назар намуданд.
Меҳмонон ҳангоми шиносоӣ бо инфрасохтори донишгоҳ, аз ҷумла биноҳои таълимӣ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳо ва шуъбаҳои амалкунанда, аз имкониятҳои фароҳамгардида изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид карданд, ки донишгоҳ дорои захираҳои зарурӣ барои татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мебошад.
Аз ҷумла, таваҷҷуҳи махсуси меҳмононро бонки таълимии донишгоҳ, ки дар шакли шуъбаи бонки амалкунандаи КВД БА ҶТ «Амонатбонк» ташкил гардидааст, инчунин озмоишгоҳи гумрукӣ ва иқтисоди рақамӣ, ҳамчунин истифодаи тахтаҳои электронии ҳушманд дар раванди таълим ба худ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, дар доираи боздид меҳмонон бо ҳайати устодону кормандони донишгоҳ мулоқот анҷом дода, имкониятҳои рушди ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар фарҷоми боздид ҷонибҳо барои марҳила ба марҳила таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ташкилу роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва ба имзо расонидани созишномаҳои ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар маҷмуъ, чунин ташриф барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба ва баланд бардоштани сифати таҳсилот заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Рус
Тоҷ
Eng