НАМОИШГОҲИ ДАСТОВАРДҲОИ МАКТАБҲОИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ РОССИЯ
Рӯзи 9-уми апрели соли ҷорӣ дар доираи намоишгоҳ гӯшаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии пешсафи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардида, дар онҳо барномаҳои таълимии муштарак, имкониятҳои таҳсил, лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таҷрибаомӯзӣ муаррифӣ шуданд.
Ҳамчунин, дастовардҳо ва имкониятҳои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар як гӯшаи алоҳида пешниҳоди иштирокчиён гардиданд.
Таъкид гардид, ки намоишгоҳи «Таҳсилот ва рушди касбият» ҳамчун як платформаи муҳими байналмилалӣ барои муаррифии имкониятҳои таълимӣ, таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва рушди иқтидори кадрӣ дар соҳаи молия нақши муассир хоҳад гузошт.
Лозим ба ёдоварист, ки Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои ғайриқонунӣ ва маблағгузории терроризм моҳи декабри соли 2013 бо ташаббуси Хадамоти федералии мониторинги молиявии Федератсияи Россия ва бо дастгирии сохторҳои марбута таъсис ёфтааст.
Ҳадафи асосии он омодасозии кадрҳои баландихтисос барои низомҳои миллӣ тавассути татбиқи барномаҳои муосири таълимӣ мебошад.
Дар маҷмуъ, баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд ба рушди устувори низоми маориф, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир заминаи мусоид фароҳам меорад.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Рус
Тоҷ
Eng