БОЗДИД АЗ ҚАЛЪАИ ҲИСОР
Бегоҳирӯзи 8-уми апрели соли 2026 дар идомаи барномаи фарҳангӣ-маърифатии сафар, иштирокчиёни намоишгоҳи Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, таҳти унвони «Таҳсилот ва рушди касбият дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм» аз Қалъаи таърихии Ҳисор боздид ба амал оварданд.
Қалъаи Ҳисор ва маҷмааи нодири ёдгориҳои таърихии он яке аз муҳимтарин рамзҳои тамаддуни бостонии тоҷикон маҳсуб ёфта, таърихи зиёда аз се ҳазорсоларо дар бар мегирад. Ин ёдгории беназир ҳамчун ганҷинаи гаронбаҳои фарҳангии мардуми тоҷик арзёбӣ гардида, шаҳодати равшани рушди тамаддун, меъморӣ ва ҳунарҳои миллӣ дар тӯли асрҳо мебошад.
Зимни боздид иштирокчиён бо таърихи пурғановати ин минтақа, арзишҳои фарҳангӣ ва мероси моддиву маънавии халқи тоҷик аз наздик шинос гардиданд. Ба онҳо маълумоти муфассал оид ба сохтори қалъа, аҳамияти стратегии он дар давраҳои гуногуни таърихӣ ва нақши он дар рушди тамаддуни минтақа пешниҳод карда шуд.
Қайд гардид, ки ноҳияи Ҳисор бо доштани таърихи куҳан яке аз марказҳои муҳими фарҳангӣ ва тамаддунии кишвар ба шумор рафта, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Мавзеъҳои таърихии он, аз ҷумла Қалъаи Ҳисор, ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамоянд.
Ҳамзамон, таъкид шуд, ки имрӯз Қалъаи Ҳисор ба як макони муҳими сайёҳӣ табдил ёфта, ҳар рӯз садҳо нафар аз он боздид менамоянд. Меҳмонон дар ин ҷо на танҳо бо осори таърихӣ ошно мегарданд, балки бо тарзи зиндагӣ, фарҳанг ва анъанаҳои мардуми тоҷик низ аз наздик шинос мешаванд.
Ёдовар шудан ба маврид аст, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил гардид, ки ин иқдом бозгӯи аҳамияти таърихиву фарҳангии ин минтақа мебошад.
Ба андешаи бостоншиносон, Ҳисор дорои таърихи басо қадим буда, ҳанӯз ҳам бисёр паҳлуҳои он ниёз ба таҳқиқу омӯзиши амиқ доранд. Маҳз ҳамин омил боис гардидааст, ки олимон, муҳаққиқон ва сайёҳон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба ин минтақа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд.
Дар маҷмуъ, Қалъаи Ҳисор ҳамчун як гӯшаи нодири Тоҷикистони азиз бозгӯи таърихи пурифтихор ва тамаддуни оламшумули мардуми тоҷик буда, ҳифз ва муаррифии он барои наслҳои оянда аҳамияти бузург дорад.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Рус
Тоҷ
Eng