БОЗДИДИ МЕҲМОНОН АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Дар доираи барномаи фарҳангӣ-маърифатии намоишгоҳи Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, ки таҳти унвони «Таҳсилот ва рушди касбият дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм» иштирокчиён аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид меҳмонон бо таъриху тамаддуни ғании миллати тоҷик, арзишҳои фарҳангӣ, урфу одат ва анъанаҳои миллӣ, инчунин бо саҳифаҳои муҳими давлатдории тоҷикон аз давраҳои бостонӣ то замони муосир аз наздик шинос гардиданд.
Ба иштирокчиён имкон фароҳам омад, ки бо дастовардҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик, ки дар толорҳои гуногуни осорхона ба намоиш гузошта шудаанд, аз наздик ошноӣ пайдо намоянд.
Намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия бо бахшҳои мухталифи осорхона шинос гардида, намунаҳои нодири бозёфтҳои археологӣ, ашёи рӯзгор, санъати кӯлолгарӣ, тангаҳои қадима, осори рассомӣ ва дигар намунаҳои ҳунарҳои мардумиро бо таваҷҷуҳи хоса тамошо карданд.
Ҳамзамон, ба меҳмонон доир ба таърихи давлатҳои қадимаи минтақа, манбаъҳои муҳими фарҳангӣ ва саҳми ниёгони тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардид, ки боиси афзоиши таваҷҷуҳ ва эҳтироми онҳо нисбат ба мероси таърихиву фарҳангии тоҷикон гардид.
Меҳмонон аз тамошои толорҳо ва экспонатҳои таърихӣ таассуроти амиқ бардошта, иброз доштанд, ки баргузории чунин сафарҳои маърифатӣ барои тавсеаи ҷаҳонбинӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ аҳамияти муҳим дорад.
Наврӯз ҶОБИРОВ
Рус
Тоҷ
Eng