Рӯзи 8 апрел бо иштироки намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва сохторҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия мизи мудаввар доир гардид, ки дар он намояндагони муассисаҳои таълимӣ, коршиносони соҳаи маориф ва иштирокчиён оид ба масъалаҳои таҳсилоти байналмилалӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди ҳамкориҳои таълимӣ мубоҳисаҳои судманд анҷом доданд.

Сипас, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилаии ДДМИТ Парвиз Ғафуров афзуд, ки ҳамкорӣ бо Маркази байналмилалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ имкон медиҳад, ки технологияҳои муосири таълимӣ ҷорӣ карда шуда, сатҳи тахассуси ҳайати профессорону омӯзгорон баланд бардошта шавад.

Ҳамзамон, қайд гардид, ки дар шароити чолишҳои муосири ҷаҳонӣ низоми таҳсилоти олӣ бояд ба омодасозии мутахассисони замонавӣ равона гардад. Чунин мутахассисон бояд на танҳо дорои донишҳои бунёдӣ, балки соҳиби малакаҳои амалӣ, салоҳиятҳои рақамӣ ва қобилияти фаъолияти самаранок дар шароити хавфҳои глобалӣ бошанд.

Олеся Тришина, муовини сардори Маркази байналмилалии таълимӣ-методии мониторинги молиявӣ зикр намуд, ки чорабинии мазкур барои донишҷӯён ва хатмкунандагон имкони мусоид фароҳам меорад, то бо барномаҳои таҳсилӣ, равандҳои қабул ва дурнамои рушди касбии худ аз наздик шинос шаванд.

Хулоса карда шуд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили низоми таҳсилоти олӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир мусоидат намуда, барои рушди минбаъдаи соҳаи амнияти молиявӣ ва маориф заминаи устувор фароҳам меорад.

Наврӯз ҶОБИРОВ