Рӯзҳои 8-9 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон намоишгоҳи Институти байналмилалии шабакавӣ дар соҳаи мубориза бо қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, таҳти унвони «Таҳсилот ва рушди касбият дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳо ва маблағгузории терроризм» миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия доир гашт.

Ҳадафи асосии он муаррифии имкониятҳои таҳсил ва касбомӯзӣ барои ҷавонон, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва ҷалби довталабон ба муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олӣ арзёбӣ гардид.

Дар доираи ин ташаббус, рӯзи 8 апрел намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва ташкилоту муассисаҳои гуногуни Федератсияи Россия ба донишгоҳ ташриф оварданд. Зимни қабули меҳмонон роҳбарияти ДДМИТ онҳоро ба расму русуми тоҷикона ва обу нон қабул карда, ҳузури онҳоро баҳри рушди ҳамкориҳо муфид арзёбӣ карданд.

Ректори ДДМИТ Бобоҷон Сатторзода ба намояндагони Федератсияи Россия барои иштирок ва саҳмгузорӣ дар баргузории чорабинӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории ин намоишгоҳ намояндагони донишгоҳҳои пешсаф, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои давлатиро муттаҳид менамояд. Ин нишонаи равшани таваҷҷуҳи баланд ба масъалаҳои омодасозии мутахассисон дар соҳаи амнияти молиявӣ буда, аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро боз ҳам тақвият медиҳад.

Дар охир аз ҷониби роҳбарияти ДДМИТ ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия чун арзи эҳтиром ва рамзи дӯстӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Наврӯз ҶОБИРОВ