Дар факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалии донишгоҳ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 3-юми ноябри соли равон дар мавзуи “Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” чорабинии маърифатӣ-ҳуқуқӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултет Фахриддин Убайдов аҳамияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва нақши онро дар эъмори давлатдории мутамаддини тоҷикон иброз дошта, зикр кард, ки Конститутсия санади олии ҳуқуқӣ буда, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро ҳамчун арзиши олӣ эътироф намудааст.

Муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова дар мавзуи “Конститутсия ва Истиқлоли давлатӣ” андешаронӣ намуда, вобаста ба арзиши ин санади олии ҳуқуқӣ ва аҳамияти он дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон сухан ронд Гуфта шуд, ки маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ муаррифӣ намуд.

Баъдан, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, директори Парки технологии ин муассисаи олии таълимӣ Умедҷон Муродзода қайд кард, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамовозии халқи шарифи Тоҷикистон якдилона қабул карда шудааст, ки он нишонаи соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳсуб меёбад.

Дар идома, омӯзгори кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Шаҳром Ғуломализода дар мавзуи “Конститутсия - ҳомии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” суханронӣ намуда, аҳамияти ин санади олии ҳуқуқиро дар ҳифзи амнияти давлат, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, кафолати амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд муҳим арзёбӣ намуд.

Дар музокира байни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт.

 

Тағоймурод Эшзода