Рӯзи 3-уми ноябри соли равон дар факултети молия ва қарзи ДДМИТ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Нахуст, декани факултет Баҳодур Ҷӯрахонзода иброз дошт, ки тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон қайд кардаанд, «Конститутсия ҳамчун бахтномаи миллат ва санади бунёдии сиёсӣ роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати озоду демократии моро муайян менамояд».

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.

Дар идома, мудири кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ Ҷамрод Бобозода иброз дошт, ки 6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосии кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.

Дар ҳақиқат, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикосгари ормони халқи тоҷик буда, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, тақвияти рукнҳои давлатдории миллӣ, мушарраф гардидан ба дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ заминаи мусоид ва боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овард.

 

Тағоймурод ЭШЗОДА