Таҳти ин унвон 3-юми ноябри соли равон бо иштироки устодон ва донишҷӯён дар маҷлисгоҳи факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон чорабинии сиёсӣ-тарбиявӣ бахшида ба 31-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Декани факултет София Темурбекова ҳозиринро бо ин сана табрик намуда, қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷати муҳимтарин ва тақдирсоз дар таърихи навини Тоҷикистон буда, заминаи давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва ягонаву дунявии Тоҷикистон мебошад. Маҳз Конститутсия танзимкунандаи фаъолияти ҳамаи шохаҳои ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Дар идома, муовини ректор оид ба тарбия Шаҳноза Ғафорова андешаҳои хешро оид ба муҳиммияти қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуда, гуфт, ки боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ аст, ки Конститутсияи мо ба қатори беҳтарин конститутсияҳои олам дохил мешавад.

Нақши шахсиятҳои алоҳида дар таърих бузург аст ва яке аз чунин шахсиятҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки дар таҳияи Конститутсия нақши калидиро бозидаанд. Конститутсияи соли 1994 қабулшуда ҳамаи соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқро ба танзим даровард ва давлати тозаистиқлолро мутамарказ намуд. То интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Сарвари давлат кӯшишҳо барои таъсиси Комиссияи конститутсионӣ карда шуда буд, аммо онҳо натиҷа надоданд. Маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд чунин комиссияро ташкил намуда, рисолати он, яъне таҳияи Конститутсияро то ба охир ба анҷом расонанд.

Дар музокира омӯзгорони факултет баромад намуда, роҷеъ ба таърихи Конститутсия, моҳияти инсондӯстии он ва тағйиру иловаҳои воридшуда суханронӣ намуданд.

 

Тағоймурод Эшзода